Яхобмонӣ: таҷриба ва мушкилот

Ҳаёти имрӯзаи мо, ки гузариш ба иқтисодиёти бозоргониро тақозо дорад, бори дигар собит месозад, то ба қадри замин ва об ба таври бояду шояд бирасем. Бахусус, дар ҳолатҳое, ки омилҳои табиӣ боис мегарданд, ҷиҳати истифодаи пурсамари замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аз таҷриба ва ташаббусҳои нек корбарӣ намоем. Яке аз омили муҳим яхобмонӣ мебошад.

Бобати тадбири муҳими агротехникӣ - яхобмонӣ ва аҳамияти он дар фасли зимистон Абдуазиз Маҳмудов - мудири шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят мегӯяд:

- Пеш аз ҳама бояд хуб донем, ки дар ин асос чӣ гуна замину обро мавриди истифода қарор диҳем. Имрӯз дар вилоят миқдори замини обии ба хоҷагиҳо вобаста буда, зиёда аз 160 ҳазору 915 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор наздики 70 фоизи замини обӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешавад.

Пас чӣ кор кардан лозим аст, ки замину обро самаранок истифода бурда тавонем. То ба имрӯз дар миқёси вилоят 15 ҳазору 206 гектар замин яхоб монда шуд. Аз имкониятҳо истифода бурда, боз 2-3 ҳазор гектар замин яхобмонӣ карда мешавад.

 - Баҳри рӯёнидани ҳосили дилхоҳ истифодаи босамари об дар мадди аввал меистад. Доир ба ин масъала ҳаминро бояд гуфт, ки он бевосита ба маҳорату кордонии обмонҳо вобаста аст. Мутахассисонро зарур аст, ки ба ин кор аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Дар мавриди тақсими оби полезӣ бошад, шумораи обмонҳоро зиёд намудан ба манфиати кор аст. Барои фароҳамии шароити корӣ бошад, пеш аз ҳама бояд ҳавасмандии обмонҳо, яъне, пардохти саривақтии музди меҳнати онҳо ба ҳисоб гирифта шавад, - мегӯяд номбурда.

 Дар мавриди гирифтани пеши роҳи баландшавии сатҳи шӯршавии замин ҳаминро бояд қайд намуд, ки ин тадбирро ҳарчӣ тезтар ба анҷом расонд. Барои он, ки минтақаҳои шӯрзамин ба заминҳои ҳосилхез табдил дода шаванд, дар мавсими сармо бояд сари вақт шуршӯии он гузаронида шавад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки деҳқонони вилоят бобати обшӯйкунии замин таҷрибаҳои бойи бобоиро соҳибанд. Метавон ин анъанаро аз нав эҳё кард. Роҳи дигар, ин дар ҳолати омодабош қарор додани пойгоҳҳои обкашӣ, сари вақт тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, каналу ҷӯйборҳо ва чоҳҳои амудӣ ба ҳисоб меравад.

Модом ки ризқу рӯзии мо аз таъмини Барномаи амнияти озуқаворӣ сарчашма мегирад, мебояд дар ин раванд фаъолиятро ҷоннок намуд. Имрӯз, ки фасли сармо ҳукмронӣ дорад, бояд каналу ҷӯйборҳое, ки дар байни хоҷагиҳо мавҷуданд, аз таъмир баровард. Зеро, дар давраи обёрӣ сабзаҳои зери обу лойқа баланд гашта, каналу ҷӯйборҳоро пур месозанд, равиши об мушкил гашта, ҷараёни он самти худро дигар мегардонад ва аз ин замину хоҷагидор зарар мебинаду халос.

- Алҳол, ки фасли зимистон аст, кишоварзонро мебояд нахуст ба яхобмонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Яхобмонӣ тадбири муҳими агротехникӣ мебошад. Баъди шудгори заминҳо дар фасли сармо яхоб мондан боиси нобуд гаштани ҳашароти зараррасон мегардад. Ҳамчунин, намнокии замин нигоҳ дошта, баъди гузаронидани кишт зарурати обмонии зиёдатӣ бартараф мешавад. Ғайр аз ин дар давраи яхобмонӣ намаки замин паст шуда, боғу токзорҳоро аз хунукзанӣ муҳофизат менамояд, - гуфт М.Маҳмудов.

Агар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ва оилавӣ аз ҳозир яхобмониро оғоз кунанд, бедоршавии дарахтон, хусусан ниҳолҳои бодому зардолу, ки дар вилояти Суғд барвақт гул мекунанд, гулкунӣ ва ҳосили онҳо эмин нигоҳ дошта мешавад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки гулкунии ниҳоли зардолу баъди моҳи март шурӯъ мешавад. Солҳои қабл дар вилоят якбора моҳи март ҳарорати ҳаво паст фаромада буд, ки ба деҳқонону кишоварзон зарари калон овард. Аз ин рӯ, деҳқонон метавонанд барои дер бедор шудан ва дер гул кардани ниҳолҳои бодому зардолу ва шафтолу яхобмониро ба роҳ монанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh