Пойгоҳҳои обкашӣ ба кор омода мешаванд

- Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Панҷакент дар хусуси омода намудани иншооти обрасонӣ ба мавсими нави обёрии соли равон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст, - гуфт зимни суҳбат сардори ин ниҳод Қурбонмурод Усмонов. - Дар ин самт баҳри ба фаъолият омода намудани пойгоҳҳои обкаш мутахассисону кормандони мо дар ҳар минтақа бо масъулияти баланд ва маҳорату малакаи касбӣ фаъолият мебаранд.

Боиси зикр аст, ки дар мавсими имсола ҷиҳати саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳ ва иншооти обрасонӣ аз ҳисоби маблағҳои пардохти оби шаҳр таъмири пойгоҳҳо баҳри омода намудани шабакаҳои обёрӣ ва дастгоҳҳои обкашӣ мусоидат намуд.

Дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр 6 канали худҷории ғунҷоиши лоиҳавиашон гуногун - Марғедар, Халифа Ҳасан, Тухсанкорез, Эшон, Саразм, Киштўдак ва 18 пойгоҳи обкашии иқтидорашон гуногун мавҷуданд.

Имрўз дар пойгоҳҳои калонтарини обкашии Дупула, Ленинград - 1, Нилуфар - 1,2,3 ва Ёрӣ тибқи нақша корҳои омодасозӣ ташкил шудаанд. Айни ҳол бригадаи устоҳо бо таъмиру барқарорсозии каналу пойгоҳҳо машғул аст.

Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи шуъбаи техникии идора барои обёрӣ кардани зиёда аз 15 ҳазор гектар замин 18 агрегати обкашиву 6 канали магистралӣ ҳанўз соли гузашта аз таъмири хушсифат бароварда шуда буданд.

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр бо 20 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартнома бастааст, ки тақсимоти об ва рўёнидани маблағи хизматрасонӣ тавассути онҳо сурат мегирад. Дар идомаи суҳбат Қурбонмурод Усмонов фаъолияти Ассотсиатсияҳоро дар алоҳидагӣ чунин таъкид намуд:

- Айни замон аз тарафи Ассотсиатсияҳо маблағҳо пардохт шуда истодаанд ва ҳоло зиёда аз 1 млн. 600 ҳазор сомонӣ ба хазинаи идора ворид гардид, ки он беш аз 83 фоизро ташкил медиҳад. Ин маблағ барои пардохт намудани музди меҳнати кормандон, як қисми андоз ва гузаронидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ сарф шуда истодааст.

Қарздорони асосӣ имрўз Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Косатарош, Тухсанкорези Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, Ғусар - Баҳори Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, Нишон-Саразми Ҷамоати деҳоти Саразм, Рўзирези Ҷамоати деҳоти Вору, Киштўди Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ, Ҳоҷихўҷақули Ҷамоати деҳоти Суҷина мебошанд, ки қарзи онҳо дар маҷмўъ зиёда аз 1 милиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр аз сабаби он, ки Ассотсиатсияи истифодабарандагони об сари вақт маблағро пардохт карда натавонистаанд, аз шабакаҳои барқ 1 миллион ва аз мақомоти андоз 1,5 ҳазор сомонӣ қарздор аст, - изҳор намуд ҳамсуҳбати мо.

Кормандони соҳа ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки фаровонии дастархони мардум аз самаранокии заҳмати марди деҳқон ва серҳосилии зироатҳои кишоварзӣ аз заҳмати миробҳо вобастагии муҳим дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд-Панҷакент-Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh