Рафт ва сифати шудгор беҳбудӣ металабад

Дар кишвари соҳибистиқлоламон имрӯз деҳқон соҳиби замин буда, озодона онро истифода мебарад ва маҳсулоти бо заҳмати хеш рӯёнидаашро ба бозорҳои дохилу хориҷи ҷумҳурӣ мебарорад.

Дар раванди омилҳои ҳосилбахшии соҳаи кишоварзӣ гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ, аз ҷумла шудгор дар меҳвари фаъолияти хоҷагидорон буда, саривақт ва босифат гузаронидани он гарави серҳосилии заминҳои кишт маҳсуб меёбад.

Тибқи маълумоти фаврии Раёсати кишоварзӣ хоҷагидорони вилоят ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави киштукори зироатҳои баҳорӣ тадбир андешида, аз ҷумла, то 16-уми январ дар майдони қариб 125 ҳазору 235 гектар шудгор гузаронида шудааст ва он 59,7 фоизи нақшаро дарбар мегирад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 (62,8 фоиз) ба миқдори 4 ҳазору 174 гектар кам шудгор гардидааст.

Агар ин натиҷаҳоро бо шаҳру ноҳияҳои вилоят қиёс карда, таҳлил намоем, нишондиҳандаҳои нисбатан хуби иҷрои дурнамо дар шаҳрҳои Исфара 92 фоиз, Конибодом -91, ноҳияҳои Спитамен - 86,8, Айнӣ - 79,5, Бобоҷон Ғафуров 78,8, Кӯҳистони Мастчоҳ 78 ва Ҷаббор Расулов 72,1 фоизро ташкил намуд.

Тибқи дурнамо иҷрои сусти рафти корҳои шудгоркунӣ дар ноҳияи Деваштич - 35,3 фоиз, Зафаробод - 38,4, Мастчоҳ 47,4 фоиз, Шаҳристон 55,6 ва Ашт - 61,2 фоиз ба назар мерасад. Дар ин бобат масъулинро мебояд, ки дар ин самт ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. То ҷое, ки огаҳӣ дорем, дар баъзе қитъаҳои замини ноҳияҳо то ҳол ғӯзапояҳо боқӣ монда, пурра ғундоштаву шудгор карда нашудаанд. Ин, албатта, аз фориғболӣ ва бемасъулиятӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ин росто бояд гуфт, ки таҷдиди сохтори кишоварзӣ сабабгори ба дасти деҳқон расидани замин шудааст. Соҳибзаминӣ яке аз воситаи асосии болоравии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Дар ин раванд самаранок истифода бурдану саривақт гузаронидани корҳои агротехникӣ танҳо ба манфиати кишоварзон ва фаровонҳосилӣ мебошад.

Биноан аз захираҳои мавҷуда фаровон истифода бурдан натиҷаи корро афзун мегардонад.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh