Раҷаббой Аҳмадзода дар Панҷакент ба кишти барвақтии картошка ҳусни оғоз бахшид

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои саҳроӣ шинос гардид ва ба маъракаи кишти барвақтии картошка ҳусни оғоз бахшид.

Дар асоси дастуру супоришоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварзони Панҷакент соли равон майдони парвариши картошкаро зиёд намуда, тасмим гирифтаанд, ки кишти онро дар 3000 гектар ба роҳ монанд. Аз масоҳати мазкур,  дар 1200 гектари он кишти картошкаи барвақтӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ асосан навъҳои пешпазаки  "Гала" ва "Ред скарлет "-ро  истифода мебаранд. Ҳосили аввалин дар нимаи аввали моҳи май бояд пухта расад. Кишти картошкаи дерпаз бошад, моҳҳои марту апрел бароҳ монда мешавад.

Дар поёни сафарӣ корӣ ба водии Зарафшон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 0203 -и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид карда, бо шароити таҳсили низомӣ ва хизмати ҳарбии сарбозон аз наздик шинос шуд. Ба ин қисми ҳарбӣ аз номи роҳбарияти вилоят кумакӣ моддӣ аз қабили маводи хурока дастрас карда шуд.

Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ имкониятҳои муосири хизматӣ фароҳам оварда шуда, барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароит бо дастури роҳбари вилоят тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад.

Бо ҳамин сафари кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба водии Зарафшон анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh