Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз мавзеи Сексарии шаҳри Истаравшан

Рӯзи шанбеи 27 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва мулоқот бо фаъолон ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод.

Зимни ин сафар иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят нахуст бо рафти азхудкунии заминҳои мавзеи Сексарӣ, тоза намудани  каналҳо, таъмиру тармими пойгоҳи обкашии “Қизилӣ-4” шинос гардид. Тавре дар аснои боздид иттилоъ дода шуд, дар мавзеи Сексарӣ зиёда аз 4 ҳазор гектар замини корам мавҷуд буда, то имрӯз бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои ин мавзеъ як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла беш аз 18000 метр каналҳо тоза карда шудааст. Ба мавзеи мазкур аз дарёи Сир об бароварда шуда, бо мақсади дастрасии мунтазами деҳқонон ба оби полезӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 33 км канали дохилӣ азнавсозӣ ва пойгоҳи обкашии “Қизилӣ-4” таъмир гардида, боз як агрегати нав насб карда мешавад.

Ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ, тоза намудани каналҳо ва таъмири пойгоҳи обкашӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо супоришҳои мушаххас дод. Таъкид карда шуд, ки азхудкунии заминҳо дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, ҳадаф таъмини амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд риояи структураи кишт, парвариши маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ, бунёди гармхона, боғҳои интенсивӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид. Ҳамчунин роҳбари вилоят дастур дод, ки мабалғҳои ҷудогардида мақсаднок истифода карда шуда, корҳои пудратӣ босифат ба сомон расонида шавад. Масъалаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм ва тақсимоти замин ба деҳқонон низ саривақт ҳаллу фасл гардида, бояд нақшаи пурраи азхудкунии заминҳои ин мавзеъ таҳия карда шавад, таъкид дошт роҳбари вилоят.

Хотирнишон бояд кард, ки баробари обёрии ин мавзеъ дар умум 4 ҳазор гектар замин бо оби полезӣ таъмин гардида, зиёда аз 2 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷои корӣ таъмин мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh