Мароми ниҳолпарварон: бунёди боғҳои пурмева

Кишоварзон аз таҷрибаи худ хуб медонанд, ки афзун ва парвариш кардани навъҳои ниҳолҳои пайвандии босамар, кишти тухмии зироатҳои ҳосилнокиашон баланд ҳам ба манфиати деҳқон ва ҳам ба манфиати ҷамъият равона мегарданд. Аз ин рў, хосатан оғози маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва кишти зироатҳо ва кўчати растаниҳо ба интихоби тухмӣ ва ниҳол эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Имрўз дар вилоят 6 хоҷагии давлатии ниҳолпарвар фаъолият дорад. Дар ин хоҷагиҳо деҳқонону боғпарварони ботаҷриба бо якҷоягии мутахассисони варзидаи соҳа фаъолият мебаранд. Ҳадафи асосии ҳар яки онҳо зиёд кардани навъҳои ниҳолҳое мебошад, то ки барои ҳосили дилхоҳ додан мусоидат намояд.

Оё ниҳолҳои гуногуни ҳосилдеҳ аз ҷониби хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарвар, соҳибкорон, нафарони алоҳидае, ки барои баланд бардоштани сатҳи рўзгори хеш ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба ин кор машғул ҳастанд, мувофиқи талаботи харидор кору фаъолият мебаранд? Оё ҳолати ниҳолҳо аз ҷониби масъулини соҳа зери назорат гирифта мешавад?

Далерҷон Розиқов – директори хоҷагии давлатии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки ин масъала ҳамасола дар мадди назари Вазорати кишоварзӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва маҳаллӣ қарор дорад. Дар ин росто, барои бунёди боғу токзорҳои нав, истифодаи замин ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ пеш аз ҳама, ба интихоби навъҳои беҳтарини ниҳол эътибори ҷиддӣ бояд дод. Ба ҳамагон маълум аст, ки баробари риояи ҳатмии талаботҳои агротехник нигоҳубини ниҳолҳо, ҳосилнокӣ ва харидоргир будани меваи боғот аз интихоби дурусти ниҳол ва тухмиҳои босифат низ вобаста аст.

 Имрўз хоҷагӣ дорои 70 гектар замини кишоварзӣ буда, аз он 35,74 гектар боғҳои меваҳояшон ҳархела мебошад. Аз ин боғот барои ниҳолхонаҳо нартҳои солими ҳосилдеҳ гирифта мешаванд. Боқимонда замини кушоди кишоварзӣ аст, ки дар он гандум, ҷав, пиёз ва дигар намуди зироат кишт мешавад. Ҳамчунин, 10 гектар замини ниҳолпарварӣ буда, дар он се намуд ниҳолҳои хасакӣ, пайвандӣ ба фурўш тайёргардида парвариш меёбанд.

Ҳоло зиёда аз 100 ҳазор бех ниҳоли гуногуни аз як то се сола ба фурўш тайёр аст. Имсол мо ният дорем, майдони парвариши ниҳолро зиёд намоем.

Ҳар ниҳол аз 4 то 7 сомонӣ арзиш дошта, солҳои пеш, ки хоҷагиҳо калон буд, бо мо шартнома баста, ниҳол мегирифтанд. Алҳол хоҷагиҳои хурди деҳконӣ, сокинони шаҳру навоҳӣ ниҳолҳои дилхоҳро харидорӣ менамоянд. Лекин чанд соли охир ягон хоҷагӣ барои шартнома бастан муроҷиат накардааст.

Мо дар боғи модарӣ, ки дарахтон ҳосил медиҳанд, донакашро ҷудо карда, аз ташхиси тухмисанҷӣ гузаронида, баъд кишт мекунем.

Агар солҳои пеш охирҳои моҳи феврал ярмаркаи вилоятии фурўши ниҳолҳо баргузор гардад, имсол бо сабаби шароити мусоиди обу ҳаво якуми феврал ярмарка - фурўши ниҳолҳо баргузор мегардад. Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтаем, зиёда аз ду ҳазор бех ниҳоли гуногунро пешкаши деҳқонон ва сокинони вилоят намоем, - изҳор дошт Далерҷон Розиқов.

Он рўз қитъаҳои замини хоҷагии давлатии ниҳолпарвариро дида, огоҳ шудем, ки дар ин ҷо асосан навъҳои беҳтарини зардолу, шафтолу, бодом, себ парвариш карда мешаванд. Имрўз дар ин ҷо зардолуҳои хелҳои машҳури «Мирсанҷалӣ», «Бобоӣ», «Кадухурмоӣ», «Тоҷибой», «Аҳмадӣ», хелҳои шафтолуи «Лола», «Фарҳод», «Чемпион», бодомҳои «Дессертний», «Пистабодом», себҳои «Шакарсеб», «Семеренко», ноки «Дилафрўз» ва ғайраҳо парвариш мешаванд, ки харидорони зиёд доранд.

Имрўз ҳар як ниҳоли мо сертификати тасдиқкунандаи навъ ва сифатро доро мебошад, ки ин раванди кунунии соҳаро вусъати тоза бахшид. Аксар деҳқонони ниҳолпарвар моҳияти ин тадбирро хуб дарк намуданд. Пеш аз харидани ниҳол аввал сертификати онро талаб мекунанд, ки ин хуб аст, - фикри худро идома дод директори хоҷагӣ.

Қобили зикр аст, ки чунин хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарвар дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Зафаробод ва Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд буда, мақсад ва мароми асосии кормандони онҳо ба парвариш ва нигоҳубини ниҳол ва тухмиҳои босифату серҳосил равона шудааст.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh