Аз имконоти мавҷуда босамар истифода менамоем

- мегӯянд масъулини ноҳияи Мастчоҳ

Бо мақсади иҷрои амри иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода «Дар бораи таъсис додани Ситоди вилоятӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ, шӯршӯӣ, омодасозии иншоотҳои обрасонӣ ва тайёрӣ ба кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар соли 2018» дар ноҳияи Мастчоҳ низ ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, дар ин самт корҳо ва тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд.

Чӣ тавре ки муовини аввали раиси ноҳия Атовуллозода Муллосоқӣ Фатҳулло дар суҳбат изҳор дошт, ситоди ноҳиявӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ, шӯршӯӣ, омодасозии иншоотҳои обрасонӣ ва тайёрӣ ба кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондааст.

Тибқи иттилои масъулини ноҳия то имрӯз дар 733 гектар замин яхоб монда шуда, ин тадбири фаровонҳосилӣ асосан тавассути оби чоҳҳои амудӣ амалӣ мегарданд.

- Оид ба иҷрои амри иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ҷаласаи сеюм бо кормандони комплекси агросаноатӣ баргузор гардида, ҳамарӯза машварати ҳайати ситод рафти корҳо ва муаммоҳои ҷойдоштаро мавриди таҳлил қарор медиҳанд. Боиси зикр аст, ки новобаста аз мушкилоту имконот барои шудгори саросарӣ аз ҳисоби хушк омадани иқлим тибқи дастуру супориши раиси ноҳия бо истифода аз чоҳҳои амудӣ дар минтақаҳои Канали Дилварзини Мастчоҳ 1, Канали Дилварзини Мастчоҳ 2 Ҷамоати деҳоти Оббурдон ва қисман ҷамоатҳои деҳоти Палдорак ва Навбаҳор яхобмонии заминҳои корам ҳамчунин, дар баробари ин шудгори хушсифат ба роҳ монда шуд. То инҷониб дар ноҳия аз 21680 гектар замини пешбинишуда 11127 гектар ё худ 52 фоизи он аз шудгор бароварда шудааст, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 130 - 140 гектарро ташкил медиҳад.

Оғоз аз 23 январи соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои яхобмонӣ ва шудгори заминҳои мавзеи пойгоҳҳои обкашии ДНС «Нулевой» дар канали асосии «Тоҷикистон» 5 мукааб об ворид гардид ва як дастгоҳи пойгоҳи номбурда ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар баробари ин масъулин тасмим гирифтанд, ки барои яхобмонии боғҳо ва як қисм заминҳои корами мавзеи Канали мошинии Янтоқ 1 дастгоҳи обкаширо ба кор андозанд.

 - Бояд қайд намуд, ки имконияти техникӣ басанда буда, дар сурати мусоид омадани шароити обу ҳаво имкон ҳаст аз ҳисоби техникаи мавҷуда ҳар рӯз шудгори 800 - 1000 гектар заминро ба роҳ монда, дар муддати 10 - 15 рӯз ба пуррагӣ ва босифат тадбири ҳосилбахшии заминро ба амал барорем. Дар баробари ин, аз тарафи мутахассисон бо дигар самтҳои фаъолияти хоҷагидории соҳа, аз ҷумла, картошкапарварӣ корбарӣ карда истодаем, - гуфт мавсуф.

 Инчунин, ҳафтаи гузашта ба хоҷагиҳои деҳқонӣ барои кишти 150 гектар замин барои кишти картошка, ба нақша гирифта шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак, Бӯстон ва Навбаҳор ҷиҳати саривақт кишт намудани ин намуди маҳсулоти хӯрокаи барвақтӣ дастуру супориш дода шуд. Аз рӯи нақша 5 феврал дар Хоҷагии деҳқонии «Ихтиёр»-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ва Кооперативи тиҷоратии «Сорбон» аз Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бо иштироки хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти картошкаро оғоз менамоем. Дар назар аст, ки бо ҷалби олимони соҳа, бо иштироки васеи хоҷагидорону кишоварзон оид ба кишти саривақтӣ ва агротехникаи парвариши картошка семинар - машварат баргузор гардад. Ҳадаф аз ин чорабинӣ кишоварзони ноҳияро бо усулҳои ҷадиди агротехникаи парвариши зироатҳои хоҷагии қишлоқ ошно намудан мебошад.

Дар маҷмӯъ, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои навбатӣ тамоми имкониятҳоро ба кор бурда, барои саривақт аз таъмиру тармим баровардани дастгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонӣ ҷаҳду талош варзида, дар самти омодагии ҳамаҷониба ба мавсими кишти баҳории ҳосили соли 2018 тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодаем,- изҳор доштанд масъулин.

Маъмурахон САМАДОВА,
 Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh