Содироти маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёфт

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати кишоварзии вилоят оид ба фаъолияти  солонаи Кумитаи идораи замин, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва  Раёсати давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Бино ба гуфти Хайрулло Бобозода- сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят соли гузашта афзоиши аксарияти нишондиҳандаҳо таъмин карда шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 7 милиарду 116 миллион. 439 ҳазор сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 107,0 фоизро ташкил медиҳад. Солҳои охир коҳиши ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба назар мерасад. Ба санаи 1-уми январи соли 2018 содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 44 милиону 83 ҳазор доллар буда, он нисбат ба соли гузашта ба маблағи 11 милиону 55 ҳазор доллар кам мебошад. Коҳишёбии ҳаҷми умумии содирот аз ҳисоби нахи пахта, пиёз ва меваҷот ба миён омадааст.

Абдураҳим Мавлонов- муовини  сардори Кумитаи идораи замини вилоят гуфт, ки дар соли 2017-ум азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ идома дода шуда, аз ҳисоби саҳми замин ва фонди махсус дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 263, Конибодом 188 ва Мастчоҳ 114 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ ташкил гардидааст. Дар ҳудуди вилоят бошад,  давоми соли гузашта азнавташкилдиҳии иловагии 1333 хоҷагии деҳқонии калонҳаҷм амалӣ шуда, шумораи умумии онҳо дар вилоят ба 66 412 адад расидааст.

Аз тарафи нозирони Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 153 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин ошкор карда шудааст.

Муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят  Равшан Урунов қайд намуд, ки Раёсат барои бунёди 5 гектар боғ бо усули обёрии қатрагӣ дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 1 километр дар шаҳри Панҷакент ва азхудкунии 51 гектар замин барои таъсиси хоҷагиҳои ёрирасон ёрии амалӣ расондааст ва дар ин самт корбарӣ идома дорад. Ӯ қайд намуд, ки соли 2017 руйпӯшкунии партовгоҳи радиактивии «Деҳмой» дар майдони 3,5 гектар амалӣ гардонда шуд. Барои тозакунии соҳили дарёҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист 400 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида, 2 километр масофа аз қамиш тоза карда шудааст.    

Зимни суолу ҷавоб бо рӯзноманигорон Ҳайдар Мухторов - сардори Ассотсиатияи истифодабарандагони оби Раёсати давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят баён дошт, ки хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба андозаи 35 миллион сомонӣ қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ доранд. Соли 2016-ум қарзи ҳаққи хизматрасонии об дар ҳаҷми 19 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудаст. Соли 2017-ум бошад, наздики 23 миллион сомонӣ маблағ барои ҳаққи хизматрасонӣ ғун карла шудааст.

Нишасти матбуотӣ бо саволу ҷавоб байни ҷурналистон бо намояндагони ҳамаи ин мақомот анҷом пазируфт.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh