Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти шириву гӯштӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад

Дар вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти шириву гӯштӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Тавре зимни боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти наслгирии моли майдаи шохдори хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қайд карда шуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба рушди соҳаи чорводорӣи чун яке аз соҳаҳои муҳими таъминкунандаи бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати гӯштиву  ширӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати афзун намудани саршумори чорвои калону хурди шохдор аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

Дар хоҷагиҳои ноҳияҳои вилоят 641 ҳазору 664 сар чорвони калони шохдор ва 1 миллиону 513 ҳазору 443 сар моли майда парвариш карда мешавад. Тибқи нақшаи наслгирӣ соли равон бояд 80 ҳазору 100 сар моли майда ва 9 ҳазору 365 сар чорвои калон гирифта шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо масъулин ва чорводорон барқарор  намудани фермаҳои чорвопарварӣ, тақсимоти одилонаи чарогоҳҳо, парвариши зотҳои хушсифаи чорво ва ташкили корхонаҳои коркарди ширу гӯштро муҳим шуморид.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин рӯз ба чанде аз чорводорон кӯмакҳои моддии роҳбари вилоят дастрас гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh