Шиносоӣ бо рафти сохтмони пойгоҳҳои обкашии “Сумчак-1” ва “Сайҳун-2”

Охири ҳафтаи гузашта иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳраки Сайҳун боздид намуд.

Роҳбари вилоят зимни боздиди корӣ бо рафти корҳои сохтмонии  пойгоҳҳои обкашии “Сумчак-1” ва “Сайҳун-2” шинос шуда, масъулинро ҷиҳати идомаи корҳо, аз ҷумла насби агрегатҳо, зеристгоҳи барқӣ ва кашидани қубурҳои обрасон вазифадор намуд.

Маврид ба зикр аст, ки заминҳо шаҳраки Сайҳун асосан тавассути пойгоҳҳои обкашӣ бо об таъмин мешавад. Дар ин мавзеъ аллакай 1000 гектар боғ бунёд шудааст, ки бо усули обёрии қатрагӣ парвариш мешавад. Дар аснои шиносоӣ ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки аксари ниҳолҳо соли гузашта ба ҳосил даромадааст. Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат таъкид намуд, ки боғдорӣ яке аз соҳаҳои сердаромад маҳсуб меёбад ва боғпарваронро зарур аст, ки ба истеҳсол, бандубаст ва содироти меваҳои шаҳдбор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Дар идомаи боздид Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои саҳроиро мавриди назар қарор дод. Тавре мушоҳида гардид, дар ин рӯз сокинон ба тозакунии ҷӯйборҳо, башаклдарории дарахтон ва буриши ток машғул буданд. Роҳбари вилоят иҷрои чунин тадбирҳоро ҷиҳати ободии маҳал ва рушди соҳа саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh