Ашт: Пойгоҳҳои обкашӣ аз лойқа кай тоза мешаванд?

Ашт яке аз ноҳияҳое мебошад, ки дар он масоҳати умумии заминҳои обӣ 37434 гектар аст. Яъне, 93 фоизи заминҳои обии ноҳия тавассути системаи мошинӣ бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд. Аз масоҳати зикршуда 7400 гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доранд.

Барои равшанӣ андохтан ба масъалаи обёрӣ ва беҳдошти замин дар ноҳия будем.

Вобаста ба масъалаи обтаъминкунӣ сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ Иброҳимҷон Воҳидов дар суҳбат иброз дошт, ки 20 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, дар онҳо 82 пойгоҳи обкашӣ васл гардидаанд, ки дар мувозинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ қарор доранд. Пойгоҳҳои обкашӣ, шабакаҳои обрасонии навбати аввал то солҳои 1970-ум ва силсилаи пойгоҳҳои Ашти Калон моҳи майи соли 1979 ба истифода дода шудааст. Аз сабаби солҳои тӯлонӣ мавриди истифода қарор доштан иншоот ва дастгоҳҳо аз меъёр зиёд фарсуда гардиданд.

Сабаб: Оби лойолуд бо рег

Сабаби дигари фарсуда ва хӯрдашавии дастгоҳҳои обкашӣ аз меъёр зиёд лойқадор будани оби дарёи Сир мебошад. Мутахассисон қайд менамоянд, ки дар 4 моҳи мавсими обёрии соли гузашта аз дарёи Сир оби лойолуди бо рег омехта, иборат аз 95 фоиз рег ва 5 фоиз лойқа ба ҷамъ шудани зиёда аз 95 ҳазор метри мураббаъ лойқа дар ҳавзаи обгирӣ ва лӯлаҳои обрасонӣ овардааст.

Инчунин, рег ҳамаи таҷҳизотро аз меъёр зиёд корношоям кард. Ин ҳолат кори иловагӣ ва вақти зиёдро талаб менамояд.

Новобаста ба ин аз тарафи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия мутахассисон ба ҳалли ин масъала вобаста карда шудаанд, ки лойҳоро бартараф намоянд. Ҳозир дар пойгоҳҳои обкашии АНС-2, АНС-3 ва Чумчуқҷар дар самти тоза намудани ҳамаи механизм аз лойқаҳо корҳо рафта истодаанд.

Иброҳимҷон Воҳидов ҳамчунин қайд намуд, ки ба санаи 1 марти соли 2018 тайёр намудани иншооти обрасонӣ дастур гирифта будем, ки корҳои омодасозӣ, васлу насбро барвақт оғоз намоем. Барои ин мо аз 1 ноябри соли гузашта корҳои таъмирию барқарорсозиро оғоз намудем. Ҳамаи мутахассисони соҳа ба фаъолият ҷалб шудаанд. Айни ҳол барои тоза намудани ҳавзаи обгирӣ ва заҳбуру заҳкашҳо 4 экскаватор, 2 булдозер, 10 мошини боркашон кор карда истодаанд. Дар мавзеи обгирии АНС-1 лойқа ба миқдори 24 ҳазор метри мураббаъ ҷамъ шуда, корҳои тоза намудани иншооти обрасонӣ моҳи декабр оғоз шуда, 1 феврали 2018-ум пурра анҷом ёфтаанд.

Хизматрасонӣ ба Ассотсиатсияи истифодабарандагони об

Боиси тазаккур аст, ки Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия соли гузашта бо 22 ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартнома баста, ба майдони 16743 гектар замини кишоварзӣ хизмати обрасонӣ намудааст. Дар мавсими обёрии соли 2017 ба заминҳои кишоварзии ноҳия 177,5 млн метри мураббаъ оби полезӣ ба маблағи 3159,9 ҳазор сомонӣ хизмати обрасонӣ намудааст.

Дар айни ҳол маблағҳои шартномаҳо пурра пардохт гардида, муштариён ҳоло пешпардохт карда истодаанд. Аллакай 47 фоиз ҳаққи обрасонӣ пешпардохт шуда, он 695 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Дар баробари ин Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия аз ҳаққи хизмати қувваи барқ дар соли 2017 қарздор буда, аз он 10 млн. 700 сомонӣ мондааст.

Шумораи миёнаи кормандони идора 284 нафар буда, музди миёнаи меҳнати кормандон 685 сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2018 дар нақша аст, ки маблағи аз ҳисоби буҷаи мутамарказ ҷудо мегардида ба 50 фоиз коҳиш дода мешавад. Ин ҳолат иловатан ба паст рафтани фаъолияти иқтисодии идора, норозигии кормандон ва ҳатто аз кор рафтани мутахассисон боис мегардад. Таҳлили фаъолияти иқтисодии корхона нишон медиҳад, ки маблағи аз ҳисоби хизмати обрасонӣ дар ҳолати аз тарафи хоҷагиҳо пурра пардохт шудан ҳам барои пӯшонидани хароҷоти истеҳсолӣ нокифоя мебошанд. То имрӯз аз маблағи воридшуда 1249,4 ҳазор сомонӣ барои пардохти музди меҳнати кормандон равона гардидааст, ки 40 фоизро ташкил медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ мекунад?

Дар соли 2017 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо 539 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бошад, соли гузашта барои омодасозии иншооти обёрии полезӣ маблағ ба андозаи 525 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд.

Моҳи декабри соли гузашта барои тайёр намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обёрии полезӣ ба мавсими соли 2018, яъне корҳои тоза намудан ва дастрасии сӯзишворӣ маблағ ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ ва моҳи январи соли 2018-ум иловатан аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 400 ҳазор сомонӣ маблағ барои тоза намудан ва таъмири иншооти обёрӣ ҷудо гардид. Ҳамчунин, баҳри пешравии кор 1 адад механизми ҳозиразамони боркунанда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо карда шудааст.

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия дар маҷмуъ 16740 гектарро обёрӣ менамояд. Аз ин 5400 гектар пахта ва боқимондааш боғҳо мебошанд. Ба фарсудашавии зиёд ва қисман корношоям гардидани дастгоҳҳои обкашӣ нигоҳ накарда, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия нақшаи обрасониро дар соли гузашта 94 фоиз ба иҷро расонидааст.

Масъулин изҳор доштанд, ки ҳамаҷониба ба меҳнати софдилона машғул гардида, иншоотро босифат ва саривақт аз таъмир бароварда, бо ин васила хоҷагиҳои кишоварзиро дар мавсим бо оби полезӣ таъмин менамоянд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
Нодир ТУРСУНОВ,
«Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд-Ашт –Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh