Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти омодагиҳо ба мавсими кишти баҳорӣ

Рӯзи 25 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба як қатор ноҳияҳои вилоят сафар намуда, бо рафти омодагиҳо ба мавсими кишт, аз ҷумла кишти картошка шинос шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, бо фаъолияти ниҳолхонаи муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳия шинос гардид ва ҷиҳати парвариши ниҳолҳои ҳамешасабз ба масъулин тавсияҳо дод. Тавре таъкид гардид, Шаҳристон яке аз ноҳияҳои наздикӯҳӣ маҳсуб ёфта, обу ҳавои тоза, таърихи куҳан ва табиати нотакрори он барои ривоҷу равнақи соҳаи сайёҳӣ хеле мусоид мебошад. Куҳҳои сар ба фалак кашидаи ин ноҳия дар саросари кишвар ва берун аз он маъруф буда, минтақа барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби ҷаҳонгардон имкониятҳои фаровон дорад. Бо назардошти эълон шудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин минтақаи сайёҳӣ будани ноҳияи Шаҳристон дастур дода шуд, ки ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозагии муҳит ва канори роҳҳо диққати махсус дода шавад.

Яке аз шуғлҳои асосии мардуми ноҳияи Шаҳристон кишоварзӣ маҳсуб ёфта, мавҷудияти заминҳои ҳосилхез барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Боду ҳавои ноҳия барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан картошка хело мувофиқ мебошад ва тибқи нақша соли равон дар ноҳияи Шаҳристон дар майдони 2 ҳазор гектар картошка парвариш карда мешавад. Дар аснои суҳбат бо роҳбарият ва деҳқонони ноҳия роҳбари вилоят дастур дод, ки кишти картошка бояд тибқи нақша ва бо истифода аз тухмиҳои серҳосил ба роҳ монда шавад. Роҳбарияти ноҳия вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати ба кишоварзон дастрас намудани тухмиҳои наву серҳосил тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Дар идомаи сафар Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти сохтмони бинои Мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Шаҳристон шинос шуда, ба масъулин  супориш дод, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонида, ба ободонии атроф низ таваҷҷуҳ намоянд. Бинои нави мактаб-парваришгоҳ барои 50 нафар пешбинӣ шуда, дар он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Сипас иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Шаҳристон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, ҷараёни омодагии кишоварзон ба мавсими баҳории киштро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2017 кишоварзони ин минтақа дар майдони беш аз 2800 гектар картошка кишт намуда, наздик 36 ҳазор тонна картошка истеҳсол намудаанд. Соли равон тибқи нақша майдони кишти картошка зиёд гардида, то ба 3 ҳазор гектар расонида мешавад. Роҳбари вилоят дар суҳбат бо кишоварзон изҳор дошт, ки дар вақти кишт ба тухмии картошка эътибор диҳанд ва ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд.

Дар идомаи сафари корӣ роҳбари вилоят рафти омодагиҳо ба корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Деваштичро мавриди назар қарор дод. Ноҳияи Деваштич яке аз навоҳии картошкапарвар ба ҳисоб рафта, дар таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми назаррас дорад. Тибқи иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Умар Маҳмадёров соли гузшта дар ноҳия наздик 100 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст. Дар назар аст, ки соли равон майдони кишти картошка ба 3200 гектар расонида шавад. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия дастур дод, ки барои иҷрои нақшаи кишт ва истеҳсоли картошка аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода бурда шавад.

Дар поёни сафари корӣ роҳбари вилоят бо ҷараёни кишти барвақтии картошка дар ҶДММ “Ганҷи Ҳилол”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ошно гардид. Ҳангоми шиносоӣ ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки дар ҶДММ “Ганҷи Ҳилол” дар масоҳати 3 гектар кишти барвақтии картошка ба роҳ монда шуда, ҳосили он моҳи май ба бозор бароварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh