Рухак: Боғу токпарварӣ эҳё мешавад

Касе, ки меҳр ба боғу токпарварӣ дорад, аз беҳтарин шарофатҳо бархурдор аст...

Боғу токпарварӣ аз қадимулайём хоси мардуми тоҷик аст ва ҳамасола баҳри бунёди майдонҳои нав ва азнавсозии боғҳои кӯҳна тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар асоси Барномаи давлатии “Рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли ҷорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 90 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, он минбаъд идома дорад. Ҳамчунин, имсол низ ба масоҳати 255 гектар боғу токзори кӯҳна аз нав барқарор мешавад.

Дар ноҳия 9359 гектар боғ ва 3 ҳазору 45 гектар токзор мавҷуд буда, боғпарварон бо бунёди боғу токзори нав майдони боғро афзун намуда, дар ин самт корҳои шаклдарорию агротехникии токзорҳои ҳосилдеҳ бомаром идома доранд.

Бояд гуфт, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳи иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳолати боғу токзори ҳудуди заминҳои минтақаи Рухак бештар ҷалб гардид. Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз ҳолати кунунӣ аз ин мавзеъ боздид намудем ва раиси Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳия Юлдош Шокиров изҳор дошт, ки имрӯз дар минтақаи Рухак зиёда аз 100 гектар замини боғу токзор мавҷуд буда, он соли 1980 ташкил гардидааст.

Дар ҳамон солҳо дар ин минтақа наздик 200 гектар токзор мавҷуд буд, ки аз он 1200 то 1300 тонна ангур истеҳсол мешуд.

Солҳои пеш ин минтақа хеле ободу зебо буда, аз оби полези танқисӣ надошт. Имрӯз норасоии об муаммои асосии ин заминҳо гаштааст. Хатти оби ин мавзеъ аз минтақаи Деҳмой - 4-и ноҳияи Ҷаббор Расулов кашида шуда буд. Бо сабаби он, ки лӯлаҳо фарсуда шудаанд, то ҷойи зарурӣ об омада намерасад. Агар ҳолати обрасонӣ беҳтар мешуд, заминҳо аз нав барқарор ва боғу токзори нав ташкил мегардид.

Баъди таҷдид шудани хоҷагиҳои калон заминҳои ин мавзеъ ба зиёда аз 50 нафар саҳмдор тақсим шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо барои обод намудани ин мавзеъ камари ҳиммат баста, барои аз нав барқарор кардани боғу токзор кӯшиш намуда истодаанд. Саҳмдорон аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, ҳар рӯзи истироҳат шинонидани ниҳолу тоза кардани заминҳо аз ҳар гуна алафҳои бегона, башаклдарории токзору дарахтони мевадиҳанда, сафед кардани танаи дарахтони гирду атрофи токзор, шудгор кардани заминҳоро хуб ба роҳ мондаанд.

-Имрӯз муаммои асосии минтақа партовгоҳи шаҳри Бӯстон мебошад, ки дар минтақаи Рухак ҷойгир шуда, наздик 20 гектар заминро ташкил медиҳад. Ба ин макон партовҳои зиёдро оварда мепартоянд, ки ҳангоми вазидани шамол салафану зарфҳои пластикӣ ва коғазпораҳо парида, ба заминҳои токзор ва болои дарахтон меоянд.

- Тариқи ҳашар ҳар ҳафта ду - се маротиба бо сокинону хонандагон ва кормандони касбу кори гуногун баромада, ин ифлосиҳоро тоза мекунем, -гуфт номбурда.

Бояд гуфт, ки баъди боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят аз ин минтақа ҳамарӯза баҳри ободу зебо гардонидани ин гӯшаи диёр боғдорон азму талош доранд. Тоза кардани бешазорҳо, каналҳо, решаҳои дарахтон, сафед кардани танаи дарахтон, яхобмонӣ, шудгори заминҳо, кофтани ҷӯйборҳо, ҳамчунин, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар қади роҳҳо хуб ба роҳ монда шудаанд.

Дар ин минтақа мо аз рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии “Домуллоҷон - саркор” боздид намудем. Зимни суҳбат раиси хоҷагӣ Абдуллоҷон Домуллоҷонов гуфт, ки тайи солҳои охир дар хоҷагӣ соҳаи боғу токпарварӣ рушд меёбад.

Бахусус, дастуру супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар самти эҳё ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ моро дилгарм ва рӯҳбаланд месозад.

Оре, касе, ки меҳр ба боғу токпарварӣ дорад, аз беҳтарин шарофатҳо бархӯрдор аст. Зеро, ниҳолеро сабз кардан рисолати бузург аст!

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh