Боғро сабз намояд боғбони сабздаст!

Дар ярмарка - фурўши ниҳолҳо зиёда аз як миллион бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо пешниҳоди сокинон гардид

Бо мақсади таъмин ва дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сабзпўш гардонидани гўшаву канори Ватани азизамон ҳар сол дар арафаи баҳор, ярмарка - фурўши ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, гулу гулбуттаҳои ҳамешасабз ва тухмии зироатҳо доир карда мешавад.

Бо ин мақсад субҳи 3-юми марти соли равон дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка–фурўш баргузор гардид, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, аз рафти ярмаркаи имсолаи ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ дидан намуд.

Сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода доир ба ин чорабинии аввалибаҳорӣ чунин гуфт:

-Имрўз зиёда аз як миллион бех ниҳоли мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо ба ярмарка бароварда шудаанд. Сокинони Хуҷандшаҳр ва умуман вилоят бо як иқдоми нек барои ободу зебо гардонидани маркази вилоят ва дигар шаҳру навоҳӣ ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳоро бо завқу шавқ харидорӣ намуда истодаанд. Бояд зикр намуд, ки дар ин ҷода саҳми тамоми кишоварзон, аз ҷумла, хоҷагиҳои инфиродӣ барои парвариши гулу гулбуттаҳо ва ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда хеле калон буда, дар оғози фасли баҳори нозанин онҳо дар ин чорабинӣ маҳсули заҳмати худро пешкаши сокинони вилоят гардониданд.

Тавре аён гардид, сокинон барои ободу зебо намудани манзили худ аз гулу буттаҳое, ки деҳқонон ва сокинони вилоят пешниҳод намуданд, харидорӣ карда, барои сарсабз гардонидани назди маҳаллаву деҳа, шаҳру ноҳия ва хонаҳои худ саҳм гузошта истодаанд.

Ташкили боғҳои интенсивӣ - таъмини ниҳолҳои пайвандӣ

Акрам Каримов - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миннатдориашро ба ташкилкунандагони ин ярмарка расонида гуфт, ки имрўз ба чорабинӣ омада, ниҳолу гулҳои ороиширо харида, ният дорад дар боғи назди ҳавлии худ шинонад, то дар оянда аз меваҳояш фарзанду набераҳо ком ширин кунанд.

Ҳамчунин, сокини ноҳияи Деваштич Ҳасан Бурҳонов гуфт, ки наздик 40 сотих замин дошта ва бо кишоварзӣ машғул аст. - Огоҳ шудам, ки дар шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурўши ниҳол баргузор мегардад, омада аз ин ҷо якчанд намуди дарахтони мевадиҳандаро бо нархи арзон харидорӣ намуда, ният дорам боғи нав бунёд созам ва аз меваҳои он сокинони деҳа истифода баранд.

Бо афзоиши талаботи дохилӣ ва беруна қабули стандартҳои нав ба хелҳои мева ва шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли мева, пешниҳоди он бо сифати баланди бозори ҷаҳонӣ зарур аст. Аз ин рў, дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилоят ташкили боғҳои интенсивӣ ба роҳ монда, шумораи онҳо зиёд карда мешаванд. Дар ин самт ҷорӣ намудани усулҳои нави ташкили боғҳо ва таъмин бо ниҳолҳои интенсивӣ нақши калон доранд.

А.Охунҷонов - ходими илмии шуъбаи ниҳолпарварии Филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткорӣ:

-Оғоз аз соли 2010 роҳҳои зиёд намудани тагпайвандҳо барои ба даст овардани ниҳолҳои қадпаст, ки солҳои охир талабот барои ташкили боғҳои интенсивӣ зиёд гардида истодааст, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷараён доранд. То имрўз зиёда аз 10 номгўи тагпайванд ва роҳҳои зиёд намуданашон омўхта шуда, дар он зиёда аз 17 навъи зардолую шафтолу ва олу пайванд карда, дар боғҳои интенсивӣ омўзиш давом дорад. Имрўз ба боғдорону кишоварзон ва фермерони вилояту ҷумҳурӣ мо якчанд навъҳои зардолуро аз қабили нишонӣ, мирсанҷалӣ, олуҳои навъи исполинӣ, комета, стенлӣ ва навъи шафтолуи чемпион ва лола барои ташкили боғҳои интенсивӣ дар ин тагпайвандҳои қадпаст пешниҳод карда истодаем.

Омўзишҳо нишон дода истодаанд, ки ташкили боғҳои интенсивӣ самаранок буда, ниҳолҳои қадпаст хусусияти барвақт ба ҳосил даромаданро доранд ва аз ҷиҳати ҳаҷм ва қади паст доштан онро метавонанд дар як гектар меваҳои донакдор аз 1000 то 1200 бех ҷойгир намоянд, - афзуд олими соҳа.

Саҳмгузорӣ дар ободии муҳити зист

Ёқубҷон Ашўров - муовини сардори раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан:

-Кишоварзони шаҳри Истаравшан дар имрўза ярмарка зиёда аз 200 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабзу мевадиҳанда, ороишӣ ва гулу гулбуттаҳоро ба фурўш баровардаанд. Имсол барои парвариш ва бунёд намудани майдони боғу токзор зиёда аз 1 миллиону 110 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда омода намуда, ният доранд бо нархҳои арзон ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинони шаҳру навоҳии вилояту ҷумҳурӣ пешкаш намоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуда, ҳамаи сокинон ва деҳқононро бо фарорасии фасли зебои баҳор табрик гуфта, зикр намуд, ки барои ободии маҳаллу деҳа ва шаҳрак ҳамаи сокинону деҳқонон саҳмгузор бошанду аз ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳои гуногуни деҳқонон истифода намуда, ҷашнҳои дарпешистодаро бо рўҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ ҷашн гиранд.

Дар ярмарка ҳамаи намояндагони шаҳру навоҳии вилоят, теъдоди зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ниҳолпарварӣ, тухмипарварӣ, хоҷагиҳои инфиродӣ ва шахсони алоҳидае, ки ба ниҳолу гулпарварӣ машғуланд, маҳсули дастранҷи худро ба харидорон пешниҳод карданд.

- Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бошад, имконият дорад дар баробари ниҳолҳои мевагӣ ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабзро низ таъмин намояд. Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳия дар ярмарка зиёда аз 2 ҳазор бех ниҳоли гуногун, аз қабили зардолую шафтолу, себу нок, биҳӣ ва навъҳои сояафкан - арчаи шарқию коҷи кабудро ба фурўш гузоштанд, - гуфт ҳини суҳбат директори хоҷагӣ Анвар Ғозиев.

- Гулпарварӣ мисоли кори марди деҳқон арақи ҷабин рехтанро талаб мекунад, зеро, нигоҳубини нодурусти гулҳо ба нобуд гаштани он боис мешавад. Гулҳо натанҳо дар фасли тобистон, балки дар чаҳор фасли сол парвариш карда мешаванд. Тухмиҳоро дуруст нигоҳ кардану онро ба мардум пешкаш намудан кори саҳл нест. Имрўз дар кишвари мо талабот ба гулҳо зиёд гашта истодааст. Бинобар ин ҳамасола гулҳои зиёд парвариш карда мешаванд, - гуфт дар суҳбат директори муассисаи Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Гулистон Шарифӣ Фирўз Шарифзода.

Ҳамчунин, дар рафти ярмарка - фурўш маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи матлуботи вилоят сабзиву картошка, пиёзу шалғам, себу нок, равғану гўшт ва дигар маҳсулотро нисбат ба бозор бо нархи арзон пешкаши харидорон гардонид.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»,
суратгир Инъомҷон РАБИЕВ

Add comment


Security code
Refresh