Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Зафаробод

Рӯзи 3 апрели соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, рафти корҳои саҳроӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Дар оғози сафари корӣ Раиси вилоят бо вазъи омодагии пойгоҳҳои обкашии Мирзочӯл-1 ва Мирзочӯл-2 шинос гардид. Ҳангоми шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 28 агрегати пойгоҳҳои обкашии ноҳия пурра аз таъмир бароварда шуда, каналҳо тоза ва ба мавсими нави обёрӣ омода гардидааст. Раиси вилоят аз омодагии пойгоҳҳои обкашӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки кори пойгоҳҳои обкашӣ зери назорат гирифта шавад то кишоварзон ба мушкили норасоии оби полезӣ дучор нагарданд. Қайд гардид, ки соли равон барои мунтазам фаъолият намудани пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз буҷети вилоятӣ 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд ва аз ин ҳисоб пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав пурра омода мебошанд.

Дар идомаи сафарӣ корӣ Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Даҳкат”-и ноҳия боздид намуда, ба кишти пахта ҳусни оғоз бахшид. Масъулини Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки соли равон майдони умумии кишти зироатҳо  28 333 гектарро дар бар мегирад, ки дар беш аз 12 ҳазор гектари он пахта кишт мешавад. Зимни суҳбат бо кишоварзон Раиси вилоят таъкид намуд, ки бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол ба сол зиёд карда шавад.

Сипас, Раиси вилоят аз хоҷагии ёрирасони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ боздид намуда, бо рафти корҳои саҳроӣ шинос гардид.

Раиси вилоят ҳамзамон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Озодҷон”, ки яке аз хоҷагиҳои пешқадам ба шумор меравад, шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, ин хоҷагӣ дорои 35 гектар замин аст ва соли равон дар 25 гектари он пахта кишт мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода бо дуои пирони рӯзгордида ба кишти пахта дар хоҷагии мазкур оғоз бахшида, ба кишоварзон ҷиҳати руёнидани ҳосили баланд тавсияҳо дод.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба фаъолияти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Зафаробод низ мароқ зоҳир намуд. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия дорои 124 гектар замин мебошад ва тавре зимни боздид аён гардид, заминҳои мавҷуда самаранок истифода бурда намешавад. Раиси вилоят фаъолияти муассисаро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, масъулинро вазифадор намуд, ки тибқи таъинот фаъолият бурда, парвариши ниҳолҳоро ба роҳ монанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh