Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рӯзи якшанбеи 8 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод ва дар ҷараёни ин сафар бо фаъолияти гармхонаҳои ноҳия шинос гардид.

Раиси вилоят сараввал аз гармхонаҳои Ассотсиатсияи илмӣ - истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиев боздид намуд. Тибқи иттилои масъулин дар ин Ассотсиатсия дар маҷмӯъ 24 гармхона мавҷуд буда, дар 20 адади он маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Аснои боздид аз гармхонаҳои иҷоракор Сироҷиддин Набиҷонов маълум гардид, ки ин деҳқони пуртаҷриба ба парвариши бодиринг машғул аст. Зимни суҳбат бо Раиси вилоят Сироҷиддин Набиҷонов иттилоъ дод, ки дар як гармхона то 2200 бех ниҳоли бодиринг парвариш ва аз ҳар бех то 5 кг ҳосил рӯёнида мешавад. Тавре мушоҳида гардид, дар ин гармхона ҳар як ваҷаб самаранок истифода мешавад ва дар заминҳои холӣ кучат парвариш меёбад.

Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ ба фаъолияти иҷоракор ва истифодаи самараноки замин аз ҷониби ӯ баҳои баланд дода, таъкид кард, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ба таъкиди Раиси вилоят барои захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат» бо ғунҷоиши 500 тонна маҳсулот сардхонаи замонавӣ бунёд карда мешавад.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо фаъолияти якчанд гармхонаҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар 31 гармхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба ном Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ва гулҳо парвариш меёбанд. Дар суҳбат бо Раиси вилоят деҳқонону иҷоракорон иброз доштанд, ки аз ҳисоби ташкили гармхона ва парвариши маҳсулот даромади хуб ба даст оварда, аз ин ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти деҳқонон ба онҳо ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва рӯёнидани то се ҳосил аз замини гармхонаҳо тавсияҳо дод.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 160 гармхона мавҷуд аст. Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо фаъолияти як қатор гармхонаҳо дар суҳбат бо роҳбарияти ноҳия ва масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят аз фаъолият накардани бархе аз гармхонаҳо ва самаранок истифода нагардидани заминҳои атрофи гармхонаҳо изҳори нигаронӣ карда, баҳри рафъи мушкилоти мавҷуда масъулинро вазифадор намуд. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh