Маҳсулоти гармхона дар ҳама фасл дастрас аст!

Бобати тамоми сол бо сабзавоти тару тоза таъмин намудани мардум фаъолияти бомароми гармхонаҳои доимоамалкунанда мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Мухтор Ҳоҷиев – мутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилоят зикр намуд, ки мақсади асосии ташкил намудани гармхонаҳо дар ҳама фасли сол бо нархи дастрас таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза мебошад. Дар ин бора ӯ изҳор дошт, ки дар вилоят гармхона дар маҷмӯъ 460 ададро ташкил медиҳад ва аз ин миқдор дар мавсими соли 2018-ум 436 адад фаъолият дошта, 172 адади он типи хитоӣ мебошад.

 -Имсол дар вилоят масоҳати умумии гармхонаҳо ба 20,16 гектар расонида шуд. Кишоварзон дар гармхонаҳо помидор (10,1 гектар), бодиринг (6,23 гектар) ва намудҳои дигари сабзавот (3,83 гектар) кишту парвариш намуда, то 20 апрели соли равон 242,3 тонна помидор, 86,2 тонна бодиринг ва 56,9 тонна сабзавот, дар маҷмӯъ 385,42 тонна маҳсулот ҷамъ оварданд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов айни ҳол дар 1,28 гектар гармхонаи доимоамалкунанда мавҷуд буда, дар маҷмӯъ 18 ададро ташкил медиҳад. - Гармхонаҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Ғӯлакандоз, Гулхона, Сомониён, Деҳмойи ноҳия фаъолият дошта, 0,4 гектар помидор, дар 0,44 гектар бодиринг кишт шуда, дар 0,59 гектараш ниҳолҳои лимӯ парвариш меёбанд,- изҳор дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Илҳом Аҳмадзода.

-То 20 апрели соли равон аз гармхонаҳои ноҳия 13,2 тонна помидор, 8,2 тонна бодиринг ва 23,6 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол гардидааст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh