Истаравшан: Саъю талош дар таъмини амнияти озуқаворӣ

Бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истаравшан як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ба ин муносибат дар шаҳр бунёди иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.

Аз ҷумла, кишоварзон аҳлона баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон заҳмат мекашанд ва ният доранд, ки дар 23687 гектар кишт гузаронанд. Бо ин мақсад хоҷагиҳои кишоварзӣ дар масоҳати 16071 гектар кишти баҳорӣ гузаронидаанд, ки аз ин ҳисоб 11339 гектар зироати ғалладона, 1885 гектар сабзавот, 410 гектар ҷуворимакка барои дон, 415 гектар зироатҳои равғандеҳ, 313 гектар полезиҳо ва 616 гектарро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад. Вобаста ба шароити иқлим кишти бархе аз зироатҳо дертар амалӣ гашта, мавсими кишт давом дорад, -гуфт дар суҳбат сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Тоҳир Абдувоҳидов.

 Тавре аён аст, давоми солҳои охир тибқи дастуру супориши Президенти мамлакат ба парвариш ва изофа кардани майдони кишти картошка эътибор афзудааст. То 24-уми апрел дар 1502 гектар картошка кишт карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 753 гектар зиёд мебошад. Ҳамчунин, баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳи картошка аз навъҳои серҳосили Пикассо, Санте, Муротто, Кардинал, Шукрона истифода мекунем ва ҷоиз ба қайд аст, ки картошкаи тухмиро низ дар хоҷагиҳои деҳқонии худ барои соли минбаъда захира мекунанд.

-Имсол кишти сабзавот ҳам назар ба соли гузашта афзудааст,-гуфт Т. Абдувоҳидов,- агар порсол дар ҳамин давр дар масоҳати 1219 гектар сабзавот кишт шуда бошад, ин рақам алҳол 1885 гектарро ташкил медиҳад.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат сол аз сол ба тайёр кардани пилла, ки ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ аст, эътибори хоса дода мешавад. Соли равон кирмакпарварони шаҳр ба нақша гирифтаанд, ки парвариши 355 қуттӣ тухми кирмакро ба роҳ монда, 16 тонна пиллаи хушсифат тайёр кунанд. Алҳол ба сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Чорбоғ, Пошкент, Ниҷонӣ, Гули сурх, Ҷавқандак, Қалъачаи Баланд, Қалъачаи Калон, Сабристон, Зарҳалол қуттиҳои тухми кирмак тақсим карда шуда, мутахассисони Раёсати кишоварзӣ ва Идораи пиллаи шаҳр мунтазам аз рафти нигоҳубини кирмак огоҳ шуда, баҳри риояи қатъиву ҳамаҷонибаи қоидаҳои агротехникии парвариши кирмак маслиҳатҳо дода истодаанд. Чунонки муовини сардори Раёсати кишоварзӣ Ёқубҷон Ашӯров изҳор дошт, имсол кирмакдорон барои дастрас кардани ғизои кирмак - барги тут танқисӣ намекашанд, таъмини иҷрои нақша имконпазир аст.

Дар шаҳри Истаравшан бо дарназардошти хоҷагиҳои ҷомеавӣ ва ҳам хоҷагиҳои аҳолӣ дар масоҳати 2,24 гектар фаъолияти гармхонаҳо ба роҳ монда шудааст, ки дар онҳо сабзавоти барвақтӣ, кабудӣ, лимӯ парвариш карда мешавад. Аз ҷумла, то 20 апрел ба миқдори 9,1 тонна помидор, 7,5 тонна бодиринг, 5,7 тонна лимӯ, 0,8 тонна дигар намуди сабзавот бо ҳосили қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ба миқдори 28,8 тонна маҳсулоти тару тоза ба дастархони сокинон пешкаш карда шуд.

Дар маҷмӯъ, имрӯзҳо кишоварзони Истаравшан баҳри пурфайзу бобаракат гардонидани дастархони сокинони диёр ва ба ин васила саҳми шоиста гузоштан ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат саъю талош доранд.

Рафоат МӯЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh