Ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд

Дирӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид.

Дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар пешниҳоди сокинон намуданд.

Чуноне, ки маълум шуд, як кило сабзӣ 0,80 дирам, картошка 2 сомонӣ, карам 1 сомонӣ, гӯшти гов 27-30 сомонӣ, гӯсфанд 35 сомонӣ ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шуд, ки нисбати нархҳои бозор арзонтар мебошад. Чунин ярмаркаҳо ҳамчунин дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва Истиқлол низ баргузор шуд.

Интизор меравад, ки ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ 13 майи сори равон низ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон, Истиқлол ва Гулистон ташкил карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh