Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни баргузории ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 12-13 май бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид.

Рӯзи якшанбеи 13 май Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти баргузории ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор 20-30 фисад арзонтар пешниҳоди сокинон намуда истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди харидорону иштирокдорони ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ суханронӣ намуда, сокинонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфт. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, иқдоми мазкур минбаъд ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ ва то поёни моҳи Рамазон амалӣ карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин гуфт, ки бо ҳидоятҳои Сарвари давлат корҳои бунёдкорию созандагӣ дар тамоми қаламрави вилоят вусъати тоза пайдо намудааст. Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозии «Қалъаи Хуҷанд», меҳмонхонаи «Ленинобод», Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ, бунёди роҳи танобӣ, обутобгоҳи муосир ва ғайра имкон ҷараён дорад ва бо анҷоми корҳои сохтмонӣ шаҳри Хуҷанд боз ҳам ободу зебо хоҳад шуд.

Раиси вилоят зикр кард, ки тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми се соли оянда ҷиҳати бунёди марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh