Тадбирҳои саривақтӣ манфиат меоварад

Куяи помидор: чораҳои мубориза

Ба кишоварзон донистани роҳу воситаҳои нигоҳубини растанӣ ва мубориза бо ҳашароти зараррасон аз ҳар ҷиҳат муҳим аст. Барои огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи нигоҳубин, парвариш ва муҳофизати ҳосили помидор суҳбате доштем бо Мирзокиромиддин Насриддинов - сардори Идораи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химиякунонии кишоварзӣ дар вилоят:

Айни ҳол барои мубориза бо касалиҳои кӯчати помидор, ҳосили он ва ҳашароти зараррасон маҷмӯи гуногуни дорувориҳо истифода бурда мешавад.

Зимнан бояд гуфт, ки куяи помидор дар гармхона ва заминҳои кишти кушод пайдо мешавад. Ватани ин ҳашароти зараррасон Амрикои Ҷанубӣ буда, аз соли 1980 ин тараф паҳн мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пайдоиши он дар Тоҷикистон тайи ду - се соли охир ба назар мерасад.

Куя ғайр аз помидор ба зироатҳои оилаи авранҷиҳо, ба мисли боимҷон, қаламфури булғорӣ ва картошка зарар мерасонад. Ҳамчунин, он метавонад ба алафҳои бегонаи шомили ин оилаи растаниҳо зарар расонад. Осеби зараррасон дар марҳалаи нумӯ - аз тухмӣ то пурра пухта расидани ҳосил мушоҳида мегардад.

Шабпаракҳои зараррасони шомгард пас аз фурӯ рафтани офтоб ва пеш аз дамидани субҳ фаъол мегарданд. Онҳо рӯзона дар баргҳо пинҳон шуда, ҳангоми таконидани ниҳол парвоз мекунанд. Ҷинси наслдеҳи зараррасон пас аз се - чор рӯз ба тухмгузорӣ шурӯъ карда, онро бештар дар пушти барг, мева ва қисми болоии ниҳол мегузорад. Тухмаш майда, силиндршакл ва қаймоқранг буда, дарозиаш 0,34-0,36 миллиметр мешавад. Як зараррасони наслдеҳ метавонад дар як мавсим то 250-300 адад тухм гузорад.

Кирми куя дар чор давр инкишоф ва ба ҳисоби миёна то 8-12 рӯз умр мебинад. Насли якум бештар ба баргҳо, наслҳои минбаъда ба бех, думчаи меваи пухта осеб расонида, сипас дар растаниҳо ё дар хок ба зоча мубаддал гашта, тақрибан баъд аз ду ҳафта аз зоча мебарояд. Куяи помидор зимистонро дар даври тухм, кирм ва ё ҳашароти болиғ аз сар мегузаронад. Даври зисти зараррасон вобаста аз ҳарорати обу ҳаво аз 24 то 38 рӯз давом ёфта, давоми як сол метавонад 10-12 маротиба насл диҳад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки қоидаҳои парвариши сабзавот, сари вақт гузаронидани коркарди хок, меъёри истифодаи нуриҳои минералӣ, реҷаи обмонӣ, киштгардон бояд риоя карда шавад. Дар майдонҳое, ки кирмҳои куяи помидор пайдо мешаванд, бояд бо заҳрхимикатҳои зерин коркард шаванд: авант 15 фоиз, кораген 20, вертимек 18 фоиз ба 300-350 литр об. Истифодаи ҳашароти фоидаовар, аз қабили габробракон ва трихограмма, гузоштани домҳои фиремонӣ, ширешӣ ва чароғӣ, решакан ва сӯзонидани ниҳолҳои зарардида ба манфиати кор аст.

Ҷиҳати саривақт ва мақсаднок мубориза бурдан бо ҳашароти зараррасони помидор аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 150 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Дар ин замина мо тадбирҳоро ба кор бурда истодаем, то ки ин ҳашарот ба ҳосил таъсири худро нарасонад, - изҳор дошт масъулин.

Инчунин, барои сари вақт муайян намудани ҳашаротҳои зараровар филиали муассиса 6 намуди домҳои феремониро харидааст. Аз он ҷумла, зидди куяи помидор аз тарафи мутахассисони соҳа дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Панҷакент барои дақиқ муайян намудани фенелогияи пайдоиши ҳашароти зараровар домҳои феремонӣ гузошта шуда, назорат бурда истодаанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh