Қитъаи замин ба мутахассисони ҷавон

Ҳамзамон, худи ҳамон рӯз бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ба 20 оилаи ҷавон- хизматчиёни давлатӣ, мутахассисони сохторҳои қудратӣ ва маориф аз мавзеи Сарбанди шаҳри Гулистон қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони шаҳрро бо ҷашнашон шодбош гуфта, ба   оилаҳои ҷавон дар вазъияти тантанавӣ дар бораи қитъаи замини наздиҳавлигӣ супурд. Зимни баромади хеш Раиси вилоят изҳор дошт, ки дар ин минтақаи шаҳр оянда низ барои 100 нафар мутахассисони ҷавон тақсимоти қитъаи замин ба нақша гирифта, ҳамчунин сохтмони мактаб ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст.

Мутахассисони ҷавон миннатдории хешро бобати иқдом ва дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳор дошта, роҳбариятро бовар кунониданд, ки минбаъд низ баҳри пешравиву ободонии кишвар содиқона хизмат менамоянд.

Маъмурахон САМАДОВА

 

Add comment


Security code
Refresh