«Боғи миллии Ваҳдат» - макони меваҳои шаҳдбор ва минтақаи сайру саёҳат

Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки алҳол бо меваҳои шакарину шаҳдбор ва сабзавоту полезиҳои тару тозааш нафақат дар вилояту ҷумҳурӣ, балки дар мамлакатҳои хориҷии дуру наздик чун боғи Ирами афсонавӣ шуҳрати беандоза пайдо кардааст, аввали соли 2008 бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида буд.

Ибтидои корҳо дар боғи навбунёд таҳти роҳбарӣ ва назорати доимии масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сурат гирифт. Интихоби мавзеъ барои боғ, таҳияи лоиҳаи он ва роҳу усулҳои бунёдаш бо маслиҳату пешниҳодоти мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзӣ ва боғдорони кордидаю ботаҷриба гузаронида шуданд.

Дар соли аввал масоҳати боғ ҳамагӣ аз 114 гектар иборат буда, дар ин ҷо ҳамаи намудҳои дарахтони мевадиҳандаи дар вилояти Суғд мавҷудбуда, яъне зиёда аз 50 навъи беҳтарин ва серҳосили зардолу, шафтолу, олу, себ, хурмо, анор, олуча, гелос, нок, биҳӣ, бодом, чормағз ва ғайра шинонида шуда, токзори нав дар 11 гектар доман паҳн намуд.

Минтақаҳои боғ байни ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят тақсим ва масъулон вобаста шуданд. Рӯзи 20-уми марти соли 2008 дар боғи нав ҳашари умумии вилоятӣ эълон гардид ва дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 10 ҳазор нафар сокин иштирок карданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамон рӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳои ҷашнгирии иди Наврӯз дар вилояти Суғд ҳамроҳи намояндагони сершумори зиёиён, шоирону нависандагон, аҳли санъат ва ҳунари мамлакат, ҳамчунин меҳмонони хориҷӣ дар ин ҳашари умумихалқӣ иштирок доштанд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ дар назди иштирокчиёни ҳамоиши бунёдкорӣ дар бораи аҳамияти боғу токпарварӣ дар кишвар ва минбаъд боз ҳам ривоҷ додани ин соҳа, зарурияти он барои рушди ояндаи иқтисодиёти мамлакат дастуру ҳидоятҳо доданд. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки соли оянда масоҳати боғ бояд ба 500 гектар расонида шавад. Худи ҳамон рӯз аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди даромадгоҳи боғ барои бунёди бинои маҷлисгоҳ хишти аввал гузошта шуд.

Моҳи сентябри ҳамон сол ҳангоми таҷлили ҷашни 17- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дафъаи дувум ба «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, дар маросими тантанавор сохта, ба истифода додани бинои маҷлисгоҳ ва идораи масъулони боғ иштирок карда, ҳамзамон барои сохтмони иморати Чойхонаи миллӣ хишти аввал гузоштанд. Соли 2009, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне баъд аз 8 моҳ чойхонаи миллӣ бо қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат тантанавор кушода шуд.

Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле кам иттифоқ афтодааст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми якуним сол ба як мавзеи кишвар се маротиба паиҳам ташриф оварда бошанд. Ба чунин шаъну шараф фақат «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи шуҳратманду овозадори Бобоҷон Ғафуров комёб гардидааст, ки аз ҳусни таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари муаззами давлат ба ин макон шаҳодат медиҳад. Дар ин радиф Қасри муҳташами Арбобро низ метавон ном бурд, ки ба қадамҷои доимии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтааст.

Дар мавридаш бояд тазаккур дод, ки чойхонаи «Боғи миллии Ваҳдат» аз пешайвону толори асосии доирашакл иборат мебошад. Пешайвон ва дохили чойхона бо тарзи хоси меъмории аҷдодӣ бунёд гардида, дар як вақт имконияти қабули 200 нафар меҳмонро дорост. Дар ҳамин ҷо боз ду толори дигар низ ҳаст, ки ҳар кадом барои 60-нафарӣ одам ҷои нишаст дорад. 22 сутуни чӯбини пурнақшу нигори чойхона ҳар яке бо тарзи дигаре оро ёфтаанд. Ороишоти ҳар кадом сутун таҷассумгари манзараҳои кӯҳҳои сар ба афлок кашида, офтоби дурахшону осмони соф, боғу чаман, кӯлу дарёҳои диёрамон ва муқаддасоти Тоҷикистон мебошад.

Дар бунёди Чойхонаи миллӣ устоҳои номдори маҳаллӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Корҳои дуредгарию наҷҷорӣ ва кандакорӣ таҳти роҳбарии усто-Комилҷони Хистеварзӣ ва нақшҳои гаҷкорию оинабандӣ аз тарафи устоҳои таҷрибаноки маҳаллӣ ба сомон расонида шудаанд. Масоҳати ин чойхонаи боҳашамат аз 27584 мураббаъметр иборат буда, каме дуртар аз он кӯли моҳидории чуқуриаш 2,5 - метра бо шипанги барҳаво воқеъ гардидаанд. Дар кӯл чор навъи моҳӣ парвариш меёбанд. Дар паҳлӯи дигари чойхона бошад, амфитеатр сохта шудааст, ки дар саҳнаи он сари ҳар вақт ҳофизону муғанниён, раққосони машҳур ва ҳаваскорони санъати волои тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳини боздиди нахустинаш аз «Боғи миллии Ваҳдат» ва шиносоӣ бо кору бори деҳқонон аз ҳосили фаровони рӯёнидаи онҳо, алалхусус пиёзу картошкаи барвақтӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳбарияти боғ ва масъулони муассисаҳои дахлдорро муваззаф намуда буд, ки мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри сохтани якчанд гармхона ва сардхона тадбирҳои оҷилӣ андешанд.

Корҳои бунёди чунин ишнооти зарурӣ дар боғ авҷ гирифтанд ва дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин ҷо аввалин сардхонаи кори калон барои нигоҳдошти 1000 тонна меваю сабзавот дар муддати кӯтоҳ сохта, бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Дар ин сардхона ҳоло як миқдор меваҳои содиротӣ барои фиристодан ба давлатҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамчунин, дар ҳудуди боғ минбаъд таъсиси ду корхонаи хурди коркарди меваю сабзавот, бунёди гӯшаи зоологӣ, сохтмони якчанд мағозаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба туфайли кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон имсол содироти меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тару тозаи Боғи миллии «Ваҳдат» ба давлатҳои Қазоқистону Федератсияи Русия оғоз шуд, ки боиси рӯҳбаландии деҳқонон гардид. Зеро меваю сабзавоти тару тозаи хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ беназир, ки фаровон гардид, талабот ба он бавиҷа дар хориҷи кишвар беш аз пеш меафзояд.

Вобаста ба ин микдори меҳмонон ва сайёҳон ба ин макони ободу зебо ва биҳиштосо майл ба афзоиш дорад. Мавҷудияти кӯли калони моҳидорӣ, шаш сарҳавзи пуроби атрофашон аз сояи маҷнунбедҳо салқин, қатори шипангҳои барҳаво, фаввораҳои гуногун ва гулгаштҳои назаррабо, аз ҳама муҳимаш меваю сабзавот, зироатҳои полезии фаровони ширину хушлаззат, хусусан дар фаслҳои баҳору тобистон меҳмонони зиёдеро аз шаҳру навоҳии гуногуни вилояту ҷумҳурӣ, сайёҳонро аз мамолики хориҷии дуру наздик мисли оҳанрабо ба сӯи ин боғ мекашанд. Ҳанӯз баҳори соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Литва ҳангоми ташрифаш ба ин боғ бо парвариши хелҳои гуногуни ҳандалак, харбузаю тарбуз ва меваю сабзавот дар шароити Тоҷикистон шинос шуда, бо таассуроти бағоят бою рангин рафта буд.

Тӯли даҳ соли мавҷудияти боғ боз бисёр меҳмонони хориҷӣ аз Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Кореяи ҷанубӣ, Хитой, Туркия, Олмон, Латвия, Дания ва дигар давлатҳо ба ин макон ташриф оварда, аз меваҳои шаҳдбори он ком ширин кардаанд. Бештари тоҷикони бурунмарзие, ки ба вилояти Суғд меоянд, албатта Боғи миллии «Ваҳдат»-ро зиёрат мекунанд. ҳамзамон, дар боғ ва Чойхонаи миллии он чорабинию ҷамъомадҳои гуногуни идона, фарҳангию фароғатии сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва соҳавию ноҳиявӣ семинару конфронсҳо баргузор мешаванд. Бояд таъкид намуд, ки 25-уми марти соли 2017 тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Сарвари давлат, намояндагони зиёиёни кишвар ва фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар «Боғи миллии Ваҳдат» бо шукӯҳу шаҳомати хос ва хотирмон таҷлил шуд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имкониятҳои қабули меҳмонону сайёҳонро дар «Боғи миллии Ваҳдат» боз ҳам зиёд гардонид. Аз ин лиҳоз, пои қадами онҳо имрӯзҳо аз ин ҷо канда нест ва бешак , минбаъд боз ҳам зиёд хоҳад шуд.

Мазбутҷон ВОҲИДОВ,
собиқадори матбуот ва хизмати давлатӣ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh