Қадршиносии ғолибони 20 рӯзаи аввали маъракаи пахтачинӣ

Субҳи 1 октябри соли равон дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и маркази вилоят даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҷамъбаст гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоятро қироат намуд, ки тибқи қарори мазкур дар ин давр пахтакорони шаҳри Конибодом ба гирифтани ҷойи аввал ва  кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ  ҷои дуюмро сарфароз гаштанд.

Дар бистрӯзаи аввали пахтачиниӣ заркорони шаҳри Конибодом 7132,9 тонна ё баробари 51,9 фоизи нақша, кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ  11311 тонна ё баробари 44,2 фоизи нақшаи солона пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки нишондиҳандаи беҳтарин маҳсуб меёбад. Дар байни ҷамоатҳо Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ беҳтарин дониста шуд. Пахтакорони Ҷамоати мазкур яке аз аввалинҳо шуда, дар вилоят нақшаи пешбинишударо ба андозаи 110 фоиз иҷро намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибон мукофотҳои пулиро мутаносибан дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим намуд ва дар вазъияти тантанавӣ ба ифтихори ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ «Парчами шараф» барафрохта шуд.

Раиси вилоят пас аз супоридани туҳфаҳо ба ғолибон дар назди намояндагони соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии вилоят суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки аз ҷониби пахтакорони вилоят то имрӯз ба хирмани Ватан 49254 тонна дурри гаронбаҳо рехта шудааст, ки 37,9 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода  бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳукумати мамлакат иброз дошт, ки пахта ҳамчун ашёи пурқиммати саноатӣ дар рушди иқтисодиёт нақши муассир мегузорад. Аз ин хотир, соли равон майдони пахта дар вилояти Суғд наздик 7 ҳазор гектар зиёд гардида, дар назар аст, ки имсол 130 000 тонна пахта истеҳсол карда шавад.

Раиси вилоят аз он изҳори  қаноатмандӣ намуд, ки имрӯзҳо сокинони касбу кори гуногуни шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Шаҳристон, Деваштич, Истаравшан, Истиқлол ва Исфара дар паҳлӯи марди деҳқон истода, барои ҷамъоварии пахта кӯмак намуда истодаанд. Ҳашарчиён дар рӯзҳои истироҳат ба пахтачинӣ баромада, барои ҳарчи бештар ғанӣ гардидани хирмани Ватан ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода шуруъ аз 1-уми октябр ба ҳар килограмм пахтаи чидашуда 80 дирамӣ маблағ пардохт карда мешавад. Инчунин, бо мақсади беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил дар вилояти Суғд “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон карда шуд.

Ҳамзамон, дар маъракаи ҷамъбасти даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ  раиси ноҳияи Конибодом Fайбулло Боҳирӣ, муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ Нарзихон Бурҳонов ва раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод сухан ронданд.

Қадршиносии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят воқеан ҳам саривақтӣ буда, албатта дар ин айёми пурфайзи тирамоҳӣ ба марди деҳқон, бахусус ба пахтакорону ҳашарчиён рӯҳу илҳоми тоза ва нерӯву ғайрати нав хоҳад бахшид.

Мухтори Абдулло,
Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh