Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт

Фаровонии ҳосил - аз саъйи комил

2 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хотири шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта, омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ашт сафари корӣ намуд. Сараввал Раиси вилоят ба хоҷагии деҳқонии «Судҷа» ташриф оварда, бо фаъолияти аҳли хоҷагӣ ва ҳашарчиён шиносоӣ пайдо кард. Раиси вилоят аз вазъи ташкили хуби кор ва сафарбар намудани чинакчиён ба ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ парварида изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам ҷоннок намудани ҷамъоварии ҳосил, ҳавасмандии чинакчиён дастурҳои муфид дод.

Бино ба иттилои раиси хоҷагии деҳқонии мазкур Абдулҳақ Муфтоев хоҷагӣ дорои 360 гектар замини пахта буда, 106 нафар саҳмдоронро фаро мегирад. Алҳол дар майдон ҳосил фаровон буда, рӯзе чинакчиён то 70 – 100 килогӣ пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Барои чинакчиён ҳамаи шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, онҳо бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъминанд. Аҳли хоҷагӣ ният доранд, беш аз 850 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, саҳми худро дар таъмини нақ-шаи пахтасупории ноҳия ва вилоят гузоранд.

Масъулини хоҷагӣ изҳор доштанд, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа баҳри кишти навъҳои серҳосил ва ба минтақа хос ва пешгирии ҳар гуна ҳашароти зараррасон эътибори зарурӣ дода шуд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва хоҷагидорон дастур дод, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид бо ҷалби саҳмдорон ва сокинони маҳаллӣ ба ҷамъоварии ҳосил вусъати тоза бахшида шуда, маблағи пахтаи чидашуда саривақт пардохт гардад.

Боиси зикр аст, ки дар хоҷагии мазкур беш аз 500 нафар ҳашарчиён аз шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ба пахтакорон дасти мадад мерасонанд.

Саҳм дар таъмини амнияти озуқаворӣ ё ояндаи тобноки «Рухшона»

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ бо фаъолияти пурсамари ҶДММ «Рухшона» шинос гардид. Боиси зикр аст, ки ин ҷамъият солҳои охир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазиру содиротӣ ва эҳёи заминҳои даҳсолаҳо боз бекорхобида ҷаҳду талоши нек дорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба бригадаи моҳипарварии ин ҷамъият омада, аз ҳавзҳои сохташудаистода барои парвариши моҳӣ аз наздик шинос гардид. Боиси зикр аст, ки ин ҳавзҳои моҳипарварӣ давоми 5 соли охир аз фаъолият бозмонда буданд ва имсол бо ҳидояти Раиси вилоят парвариши моҳӣ, ки яке аз навъи ғизои парҳезӣ – табобатӣ мебошад, амалӣ гардид.

Сардори бригадаи моҳипарварии ҷамъияти мазкур Юлчӣ Мелибоев изҳор дошт, ки майдони умумии 5 ҳавзи моҳипарварии бунёдшудаистода 45 гектарро дарбар мегирад ва соли равон дар майдони 2,5 гектар парвариши моҳӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин хоҷагӣ асосан парвариши моҳиҳои навъи карп, амури сафед ва пешонағафс ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят ба масъулини соҳа ва роҳбарияти ҷамъият дастур дод, ки минбаъд ба масъалаи парвариши моҳӣ ва хӯроки он, зиёд намудани теъдод ва навъи моҳӣ, ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа, зебоӣ ва ободии атроф тадбирҳо андешида, дар назди ҳар ҳавзи моҳӣ маълумотномаи мушаххасро насб намоянд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят дастур дод, ки дар заминҳои бекорхобидаи мавзеъ парвариши мурғ ва мурғобӣ ба роҳ монда шуда, як гармхонаи замонавӣ низ бунёд гардад.

Директори ҶДММ «Рухшона», вакили Маҷлиси вакилони вилоят Шӯҳрат Мамадҷонов дар сӯҳбат изҳор дошт, ки аллакай баҳри ин супоришҳои Раиси вилоят тадбирҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, парвариши 300 мурғобӣ ба роҳ монда шуда, дар бобати бунёди гармхона низ лоиҳа омода мегардад.

- Бояд то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмааи парвариши моҳӣ, мурғ ва мурғобӣ ва иншооти дигар, аз қабили гармхона мавриди истифода қарор гирифта, истеҳсоли гӯшти парҳезӣ ба 200 тонна расонида шавад, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар ҷамъияти мазкур 440 нафар бо кори доимӣ ва музди баланди меҳнат таъмин гаштаанд. Дар сурати иҷрои ниятҳои нек боз даҳҳо ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода: Зиндагии шоиста ва обрӯи инсон аз меҳнат аст!

Раиси вилоят дар хоҷагии ёрирасони деҳқонии ҶДММ «Рухшона» ба нишони эҳтиром ва саҳмгузорӣ ба меҳнати деҳқонони ризқофар дар майдони пахтазор ҳамроҳи ҳашарчиён пахта чида, пахтаҳои ҷамъоварӣ намудаашро ба хирмани умум рехт, ки боиси рӯҳбаландии чинакчиён – ҳашарчиён аз шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол ва Бӯстон гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба пешқадамони арсаи меҳнат, чинакчиёни чобукдаст ва собиқадорон, ки дар хона нанишаста, ба мадади марди деҳқон омада буданд, тӯҳфаҳо тақдим дошт.

Ҳангоми суханронии хеш Раиси вилоят аз сиёсати некбинона ва халқпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, таъкид дошт, ки бо Фармони Президенти мамлакат соли 2021 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар вилоят тибқи нақшаи чорабиниҳо бунёди беш аз 6 ҳазор иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

- Мақсаду мароми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳаёти босаодат, ободии мамлакат ва таҳкими тинҷию суботи комил аст, - изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода. – Танҳо мо ба ин дастовардҳои шоиста бо меҳнати дилгармона ва садоқати комил ноил мегардем.

Раиси вилоят дар идомаи суханронии хеш аз вазъи соҳаи кишоварзии вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ашт ҳарф зада, пахтаро ашёи хоми муҳим ва сарчашмаи ризқу рӯзии фаровони мардум унвон кард.

- Рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳосили баланди пахта вобаста аст. Алҳол ба ҳосили пахта талабот дар бозори ҷаҳонӣ афзуда, харидорон зиёд гаштаанд. Зеро пахта манбаи даромаднокӣ аст. Бояд коркарди пахтаро ҳарчӣ бештар дар дохили мамлакат ба роҳ монда, маҳсулоти тайёрро содирот намоем. Ин омил метавонад манфиати зиёде ба бор орад. Имсол деҳқонони вилоят азму талош доранд, ки беш аз 130 ҳазор тонна «тиллои сафед» истеҳсол намоянд, - таъкид кард Раиси вилоят.

Дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилоят ба гурӯҳи калони чинакчиёну ҳашарчиён ва собиқадорон тӯҳфаҳои арзишманд тақдим дошт.

Сипас, бо иштироки Раиси вилоят ба чиниши мошинии пахта дар ноҳия ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар ин хоҷагӣ ду «киштии кабуд» ба ҷамъварии ҳосили пахта шурӯъ намуданд, ки онҳо дар як баст 7,5 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.

Боиси зикр аст, ки хоҷагии ёрирасони деҳқонии ҶДММ «Рухшона» дорои майдони 302 гектар пахта, 63 гектар юнучқа ва 2 гектар полезӣ мебошад.

Фотеҳи замин будан барои мардуми Ашт ифтихормандист!

Корҳои азхудкунии заминҳои бекорхобидаро дар минтақаи Ҳафттеппа (Еттитеппа) - и ноҳия Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми нек ва амали хайрхоҳона арзёбӣ намуд.

Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои азхудкунии заминҳои бекорхобида дар ин мавзеъ шинос шуда, изҳор дошт, ки ин тадбир дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Тибқи нақшаи барқарорсозӣ ва обёрикунии заминҳои мавзеи Ҳафттеппа, ки аз тарафи Ширкати сохтмонии ҶДММ «Рухшона» амалӣ мегардад, дар давраи аввал беш аз 103 гектар ва дар давраи дуюм беш аз 113 гектар замин азхуд карда мешавад. Ба ин мақсад бо насби пойгоҳҳои обкашӣ ба канале, ки 7 ҳазор метр дарозӣ дорад, об интиқол дода шуда, баъди коркард заминҳои ташналаби бекорхобида мавриди кишт қарор хоҳанд гирифт.

Боиси зикр аст, ки заминҳои ин мавзеъ ҳанӯз аз давраи Шӯравӣ бекор хобида, азхудкунии он метавонад ба пешрафти иқтисодиёти ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.

Раиси вилоят бо фотеҳони заминҳои бекорхобида сӯҳбат намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ноҳияи Ашт имкониятҳо барои азхуд намудани заминҳои нав фаровон буда, роҳбарият ва масъулинро зарур аст, ки бо ин мақсад бо баробари андешидани тадбирҳои мушаххас бобати ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бунёди сардхона – тақозои замона

Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Ашт аз вазъи бунёди сардхонаи хоҷагии деҳқонии «Ифтихор» боздид намуд.

Сардхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорон, бародарон Дадоматовҳо бунёд гардида, барои захираи 520 тонна меваю сабзавот, бахусус зардолу ва ангур пешбинӣ гардидааст.

Соҳибкорон ният доранд баъди ба истифода додани сардхона бо насби таҷҳизоти муосир хатти банду басти меваро низ ба роҳ монда, содироти маҳсулотро бо сифати мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ афзун намоянд.

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар хоҷагии деҳқонии мазкур дар майдони 50 гектар беш аз 2200 бех ниҳоли себ парвариш меёбад.

Раиси вилоят аз ин иқдоми соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур дод, ки дар содироти меваҳои тару тоза ва хушлаззати кишварамон саҳми босазо гузоранд.

Роҳи обод - нишонаи ободӣ

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти мутантан ба мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Бинокорони шаҳраки Шайдон ҳусни оғоз бахшид.

Сароғоз Раҷаббой Аҳмадзода аз корҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави вилоят ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, изҳор дошт, ки бо дастгирии мақомотҳои маҳаллӣ ва соҳибкорони бонангу номус имрӯзҳо дар вилоят иқдомҳои нав ба нав амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ашт низ аз ҷониби соҳибкорон, ашхоси саховатманд ва сокинони ватандӯст корҳои неку наҷиб, бунёди иншооти мухталиф роҳандозӣ мегарданд, ки боиси таҳсин аст.

Мавриди зикр аст, ки дар мумфарш кардани роҳи маҳаллаи мазкур дар баробари мардуми маҳал саҳми соҳибкор Аҳмадҷон Алиматов низ шоиста буда, бо ин мақсад номбурда беш аз 60 ҳазор сомонӣ маблағи худро харҷ намудааст.

Пудратчии сохтмон ҶДММ «Шоҳроҳ» буда, роҳ бо сифати ба талаботи стандарти давлатӣ мутобиқ мумфарш мегардад.

Раиси вилоят аз ин иқдоми сокинони маҳалла ва соҳибкор қаноатманд гардида, изҳор дошт, ки аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд боқимонда қисмати роҳ, ки тақрибан як километр аст, мумфарш хоҳад гашт.

Чанде аз сокинони шаҳрак барои дастгирӣ аз ин иқдом ба Раиси вилоят изҳори миннатдорӣ намуданд.

Мухтори АБДУЛЛО,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh