Тантанаи иди меҳру муҳаббат

Сокинони ноҳияи Ашт ҷашни Меҳргонро дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таҷлил намуданд.

Дар тантана намоиши ҳунарҳои  дастии хонандагони муассисаҳои таъсилоти миёнаи умумӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ ба ифтихори «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба марази тамошо гузошта шуд.

Кишоварзон маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас пешниҳод намуданд.

Озмунҳои «Оши палав», «Кадбонуи беҳтарин», «Шеъри беҳтарин дар ситоиши Меҳргон» гузаронида шуд.

Меҳргон  ба монанди ҷашни Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ,  файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзон ва пайвандгари аҳду паймон буданаш дар барномаи фарҳангии ҳунарварони санъат, ки бахши фарҳанг пешкаши ҳозирин гардонид, инъикоси пурраи хешро ёфт.

Таҷлили ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Ашт бори дигар собит намуд, ки ин иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи  ранҷи кашидаи барзгарон ва шукрона аз соҳибдавлативу истиқлолият, муттаҳидии мардум дар атрофи сиёсати хирадмандонаву оқилона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бӯстоной Ашурова,
мудири Маркази илмӣ-методии бахши фарҳанги
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh