Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен ва Зафаробод

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, аз ҷумла рафти ҷамъоварии пахта ва кишти тирамоҳӣ ба ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен ва Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф овард. Зимни боздид аз пахтазори ноҳия аён гардид, ки дар саҳро ҳанӯз пахта фаровон буда, масъулинро зарур аст бо афзун намудани шумораи чинакчиён тамоми ҳосилро саривақту баталаф ҷамъоварӣ намоянд. Тавре иттилоъ дода шуд, то кунун дар зиёда аз 500 гектар чиниши дуввум боқӣ монда, дар дигар заминҳо чиниши сеюм идома дорад. Раиси вилоят мутасаддиёни соҳаи кишоварзиро вазифадор кард то бо истифода аз боду ҳавои мусоид тамоми пахтаи шукуфтаро ғуну чин намоянд.

Сипас, дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии “Сирдарё”-и ноҳия таҳти раёсати Раиси вилоят ситоди корӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа Раиси вилоят вазъи кунунии соҳаи кишоварзии ноҳияро мавриди таҳлил қарор дода, ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои ҷой дошта, вусъати корҳои саҳроӣ ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта супоришҳои мушаххас дод.

Қайд карда шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳия дар масоҳати умумии 5 ҳазору 603 гектар пахта кишт намудаанд, ки нисбати соли гузашта 634 гектар зиёд мебошад. Новобаста аз ин, тибқи таҳлилҳо то имрӯз  наздик 10 000 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки назар ба соли гузашта оқибмонӣ зиёда аз 2 000 тоннаро такшил медиҳад.

Раиси вилоят аз ҷараёни сусти чиниши пахта изҳори нигаронӣ намудаву мутасаддиёни соҳаро барои тақвияти корҳо дар ин самт ва иҷрои ӯҳдадории ҷамъоварии “тиллои сафед” вазифадор кард. Ҳамчунин, Раис вилоят ҷиҳати вусъати кишти тирамоҳӣ, захираи хӯроки чорво, ба гардиши кишоварзи даровардани заминҳои мавзеъи Рухак ба мутасаддиён супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Спитаменро мавриди назар қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар масоҳати умумии 5825 гектар пахта кишт намудаанд, ки назар ба соли қаблӣ 420 гектр зиёд мебошад. То имрӯз бошад заркорони ноҳия зиёда аз 9500 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин ба 70 дарсади нақша баробар аст.

Дар аснои боздид аз пахтазор ва мулоқот бо чинакчиён Раиси вилоят иброз дошт, ки ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи деҳқонон бояд беталаф ва пурра ҷамъоварӣ карда шавад. Таъкид гардид, ки бо мақсади ҳавасманд намудани ҳашарчиён пардохти ҳақмузд барои ҳар килограм пахтаи чидашуда бояд  на кам аз 1 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи ситоди корӣ, ки дар толори Комплекси агросаноатии “Гулистон” –и ноҳия бо ҳузури масъулини мақомоти маҳаллӣ, раисони ҷамоату деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ доир шуд, таъкид дошт, ки пахта ашёи хоми саноатӣ ба ҳисоб рафта, истеҳсоли он боиси фаъолияти муназзами корхонаҳо ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани шумораи зиёди шаҳрвандон мегардад. Аз  ин лиҳоз масъулини соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҷиҳати сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил чорандешӣ намоянд. Дар ин раванд роҳбари вилоят вусъати корҳои саҳроӣ ва зиёд намудани шумораи чинакчиёнро муҳим арзёбӣ дошт, зеро то кунун дар саҳро ҳосил фаровон мебошад.

Соли равон заркони ноҳияи Зафаробод дар 14 ҳазору 56 гектар пахта кишт намудаанд, ки нисбати соли гузашта 1650 гектар зиёд мебошад. То имрӯз бошад дар ноҳия зиёда 21 ҳазору 500 тонна пахта истеҳсол карда шудааст ва кишоварзон азми қавӣ доранд ин рақамро то ба 30 ҳазор тонна расонанд.

Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳия аз майдони умумии пахтазор то имрӯз чиниши якум дар масоҳати 1000 гектар ва чиниши дуюм дар майдони 6800 гектар боқӣ мондааст.

Дар ноҳияи Зафаробод низ Раиси вилоят аз майдонҳои пахта боздид ба амал оварда, бо ҳашарчиён мулоқотҳои самимӣ анҷом дод. Таъкид карда шуд, ки бо зиёд намудани ҳақмузди чинакчиён ва то ба 1 сомонӣ баровардани арзишии чиниши ҳар килограми пахта бояд ҳосил пурра ҷамъоварӣ карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки ноҳияи Зафаробод яке аз минтақаҳои асосии пахтакори вилоят ба ҳисоб рафта, зиёда аз 25-30 дарсади пахтаи вилоят маҳз дар ҳамин ноҳия истеҳсол карда мешавад. Раиси вилоят дар ҷаласи корие, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, кишоварзон ва кулли фаъолони ноҳия баргузор гашт, таъкид дошт, ки ҷараёни ҷамъоварии “тиллои сафед” дар ноҳия дар сатҳи паст қарор дорад. Зеро то ба ҳол дар саҳро чиниши аввал боқӣ монда, ҳосили бо заҳмати зиёд рӯёнидаи марди деҳқон интизори чинакчиён аст.

Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки бо ҷалби бештари чинакчиёну ҳашарчиён ба ҷамъоварии пахта тақвият бахшида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh