Баргузории намоиш ва фурӯши чорвои хушзот дар ҶДММ “Деҳбудхӯҷа”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

10 ноябри соли равон дар Бозори фурӯши чорвои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиш ва фурӯши чорвои хушзот ташкил карда шуд, ки дар он чорвопарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят молҳои гуногунро пешниҳод намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиш-фурӯши мазкур боздид намуда, дар суҳбат бо чорводорон иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи чорвопарварӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа таккони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Таъкид шуд, ки бо мақсади амалигардонии рушди устувори соҳа ва мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 қабул карда шудааст, ки он ба рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, моҳӣ, асал ва ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.

Маҳз бо татбиқу амалишавии барномаву ҳадафҳои судманд дар вилоят давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 31,9 ҳазор тонна гӯшт, 202,3 ҳазор тонна шир, зиёда аз 164,6 млн.дона тухм, 1512 тонна пашм, 400,3 тонна пилла, 1330,1 тонна асал ва 175,7 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан гӯшт 648,8 тонна, шир 4964,2 тонна, тухм 46,6 млн. дона, пашм 50 тонна, пилла 16 тонна, асал 20 тонна, ва гӯшти моҳӣ 3,2 тонна зиёд мебошад.

Дар ин рӯз аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Исфара, Мастчоҳ, Куҳистони Мастчоҳ навъҳои гуногуни чорвои калони шохдор, чорвои майда, мурғу моҳӣ ва асп ба намоишу фурӯш гузошта шуд ва чорводорони беҳтарин бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh