Дар заминҳои мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боғҳои нав бунёд мекунанд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боғҳои нав бунёд карда мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 1 декабр ба мавзеи Рухак ташриф овард ва рафти корҳои ниҳолшинониро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушоҳида намуд. Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то имрӯз даҳҳо гектар боғоти нав бунёд гардида, фаъолони сокинони ноҳия дар ин кори хайр дастаҷамъона иштирок мекунанд.

Дар шароити куҳсори Тоҷикистон истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин зарур шуморида мешавад. Бо ёдоварӣ аз ин масъалаи муҳим Раиси вилоят масъулини мақомоти марбутаро взифадор намуд, ки барои зиёд намудани майдони боғҳои нав дар заминҳои бекорхобидаи минтақаи Рухак аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд. Тавсия дода шуд, ки дар боғҳои бунёдшаванда ниҳолҳои мувофиқ ба иқлими минтақа шинонида шавад. Бунёди боғоти нав дар ин мавзеъ аз чанд зовия ба манфиати кор дониста мешавад. Ин тасмим агар аз якҷониб дар таъмини Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди боғу токпарварӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар дар таъмини мардум бо ҷойи корва саҳмгузорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ имконият фароҳам меоварад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh