Дар мавзеъи Рухак аз тарафи хоҷагидорони ноҳияи Ҷаббор Расулов 10 гектар боғҳои нав бунёд мешавад

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои мавзеъи Рухак бунёди боғҳои нав бо маром идома дорад.

Дар идомаи тадбирандешиҳо дар ин мавзеъ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони наздик 10 гектар боғоти нав бунёд гардида истодааст.

7 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои ниҳолшинонӣ дар заминҳои хоҷагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Ҳилол” шинос шуд. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар мавриди бунёди боғҳои нав дар заминҳои минтақаи Рухак ба масъулин супориш дод, ки имкониятҳои ин минтақа пурра омӯхта шавад. Зеро дар сурати васеъ гардидани майдони боғотва истифодаи самараноки замин имконияти содироти мева ба хориҷи кишвар зиёд мегардад. Ба иттилои мутахассисон дар ин минтақа барои бунёди то 600 гектар боғҳои нав имкониятҳо мавҷуд аст.

Зимни иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки минбаъд интихоби ниҳол бо тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда шавад. Зеро ба инобат гирифтани иқлими минтақа муҳим буда, дар асоси тавсияи донандагони соҳа бунёд намудани боғ самари хуб ба бор меорад.

Ҳамчунин масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Ҳилол" ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷаббор Расулов вазифадор карда шуданд, ки масъалаи таъминоти боғҳои нав бо оби полезиро пурра ҳал намоянд.

Ҳоло дар мавзеъи Рухак 18 хоҷагии заминистифодабаранда ба қайд гирифта шуда, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар ин самт зарур шуморида шуд.

Таъкид гардид, ки минбаъд хоҷагиҳое, ки дар ин минтақа замин доранд ва сари вақт бунёди боғҳоро ба роҳ намемонанд, заминашон бозпас гирифта шуда, ба шахсони дигар вобаста карда мешавад. Зеро  заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда бояд самаранок истифода бурда шавад.

Сипас, Раиси вилоят ба тарзи истифодаи замини наздиҳавлигии сокинон дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳангоми боздид ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки сокинони Ҷамоати деҳоти Деҳмой заминҳои назди ҳавлигиашонро самаранок истифода бурда, аз як замин то чор ҳосил мерӯёнанд. Заминҳои аҳолӣ дар ин ҷамоат бештар аз 210 гектарро ташкил мекунад ва аҳолии минтақа дар парвариши сабзавоти барвақтӣ шуҳратманд гардидаанд.

Оилаи Маҳкамовҳо аз ҷумлаи оилаҳое мебошад, ки дар замини назди ҳавлигӣ бо ташкили гармхонаҳои хурд парвариши маҳсулоти барвақтиро ба роҳ мондаанд. Ба гуфти сарвари оила аз ин ҳисоб зиндагиашон таъмин буда, дар ғанӣ гардидани бозорҳои ҳудуди вилоят низ саҳми худро мегузоранд. Дар маҷмӯъ, дар ин ҷамоат 700 хоҷагӣ бо чунин усул парвариши сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, даромади хуб ба даст меоранд.

Натиҷаи фаъолияти босамари заминдорон ва баланд гардидани маданияти истифодаи замин буд, ки имсол сабзавоти барвақтӣ аз Ҷамотаи деҳоти Деҳмой ба хориҷ низ содирот карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh