Тақдими автомашинаҳои сабукрав ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ

15 декабри соли 2018 дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят чорабинии мутантан доир ва ба пешқадамони мавсими ҷамъоварии пахта 7 адад автомашинаи сабукрав тақдим карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар ҳузури раисони навоҳии пахтакор, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо ва фаъолон иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, афзун кардани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузошта буданд.

Соли равон нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 100 ҳазору 38 тонна муқаррар гардида буд ва пахтакорони вилоят аз ӯҳдаи иҷрои супориш бо сарбаландӣ баромаданд, яъне нақшаи солонаро 112,6 фоиз иҷро намуданд.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили имсола ва оростани хирмани бошукӯҳи «тиллои сафед» саҳми ҳамаи шаҳру ноҳияҳои пахтакор, бахусус Ашт, Зафаробод, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен назаррас буда, ҳама аз фатҳи марра паиҳам муждаи зафар расонданд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки баҳри ҷамъоварии ҳосили имсола дар вилоят қарори Раиси вилоят аз 23 августи соли 2018, №364 «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2018» ба тасвиб расида, тибқи он мусобиқаҳои меҳнатӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор эълон ва барои қадршиносии пешқадамон аз ҳисоби буҷети вилоят 116 000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Натиҷаҳои мусобиқаҳои меҳнатӣ дар 3 давра ҷамъбаст гардида, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои ғолиб, инчунин хоҷагиҳои деҳқонии беҳтарин, механизаторони пешқадаму чинакчиёни чобукдаст бо мукофотпулию тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои судманд, ҳавасмандии пахтакорону чинакчиён баланд гардида, давоми мавсими ҷамъоварии ҳосил, хоҷагиҳои пахтакори Ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Ориён, Ифтихори ноҳияи Ашт, Зафаробод, ба номи Ҳамид Алиев, Равшани ноҳияи Зафаробод, Хистеварз, Овчиқалъача, Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Пӯлотон, ба номи Раҷаб Ҳамробоев, ба номи Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом, Ғулакандоз, Ҳаёти Нав, Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба номи Турсун Ӯлҷабоев, Куруш, Истиқлоли ноҳияи Спитамен ва Суғдиён, Оббурдон, Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар оростани хирмани пурбор саҳми назаррас гузоштанд.

Ҳамчунин, корхонаҳои пахтатозакунии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зафаробод Инвест»-и ноҳияи Зафаробод, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зафариён», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Юсуф саркор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25 солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Конибодом Коттон»-и шаҳри Конибодом, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25 солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Спитамен, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Музаффар ва компания»-и ноҳияи Мастчоҳ ҷиҳати сари вақт ва бо сифат қабул кардани пахтаи ҷамъшуда, тадбирҳои зарурӣ андешида, дар самти парвариш ва истеҳсоли пахта бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкориҳои муфид ба роҳ монда, дар мавсим хоҷагиҳоро дастгирӣ намуданд.

-Барои сари вақт ва бе талаф ҷамъ овардани пахта, ба ҳамаи кишоварзон, пахтакорон, обронҳою механизаторон, корхонаҳои пахтатозакунӣ, кормандони хоҷагии об, маорифу нигоҳдории тандурустӣ, кулли ёрдамчиёни корхонаю ташкилотҳои шаҳру ноҳиявӣ ва вилоятӣ миннатдории самимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баён менамоям, - илова намуд Раиси вилоят.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки кишоварзони вилоят минбаъд низ аз ӯҳдаи иҷрои дастуру супоришҳо сарбаландона баромада, дар амалӣ гардонидани сиёсати оқилонаю дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар иҷрои нақша Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва як ададӣ автомашинаи сабукрав супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh