Захираҳои табиии моҳиҳо

Бобати қӯруқшиканӣ ва моҳидории ғайриқонунӣ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ борҳо мавод чоп шуда, муаммо ва мушкилоти мавҷуда бозгӯ ва ҳаллу фасл гаштаанд. Аммо бо ин ҳама дар марҳалаи манъи шикори моҳӣ боз ҳам мушкилот ба назар мерасанд.

Баҳри тоҷик аз соли 1956 то имрӯз яке аз калонтарин обанбор дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз дар вилоят хоҷагиҳои моҳипарварии «Гулистон» ва «Моҳии тоҷик» фаъолият доранд. Хоҷагии моҳипарварии «Гулистон» дорои моҳиҳои хушзоти калонтарин аст.

Тибқи нақша истеҳсоли моҳӣ нисбат ба соли 2018, ки 100 тонна буд, зиёд гардида, соли 2019 - ум ба 120 тонна расонида мешавад.

Қӯруқшиканӣ ба нобудсозии моҳиҳо оварда мерасонад

Мутаассифона, имрӯз шикори ғайриқонунии моҳӣ ва ғорати бераҳмонаи он зиёд шуда, ҳатто номи баъзеи онҳо ба Китоби Сурх шомил гардидааст.

 Тибқи иттилои Ғафурҷон Каримов - моҳишинос ва корманди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар мавсими ҷоришудани маҳдудият бобати шикори ғайриқонунии моҳӣ ситоди махсус дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва Сирдарё ташкил гардида, барои амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳои якҷоя оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ чораандешӣ менамоянд.

- Соли 2018 аз тарафи ситод амалиёти фаврӣ гузаронида шуда, нисбат ба 70 нафар шаҳрванд протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 56 қарори ҷаримабандӣ ба маблағи 7950 сомонӣ пешниҳод гардид, ки аз он 6640 сомонӣ ситонида шуд. Қӯруқшиканон гоҳо шикори худро тариқи барқ анҷом медиҳанд, ки ин боиси нобуд шудани намуди моҳӣ мешавад. Зеро аз ин усул қатори моҳиҳо ҷонварони дигар низ мемиранд, ки боиси аз байн рафтани намудҳои гуногуни олами ҳайвоноти обӣ мешавад. Ин тарзи моҳидорӣ ва қӯруқшиканӣ навъҳои хормоҳӣ, кафшакбинии сирдарёӣ, шӯртан, зағорамоҳӣ, бурутмоҳии аралӣ, бурутмоҳӣ ва симмоҳии туркистониро, ки ба Китоби Сурхи Тоҷикистон шомил шудаанд, ба нобудӣ бурда истодааст.

Пешгирӣ беҳтарин мубориза аст

Мақсади асосии Раёсати ҳифзи муҳити зист ба танзим даровардани назорати давлатии ҳифзи захираҳои табиии моҳӣ ва мубориза бар зидди қӯруқшиканӣ аст. Оид ба пешгирии сайди ғайриқонунии моҳӣ нозирони шуъбаи Раёсат ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо мунтазам амалиёт мегузаронанд.

Дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиии моҳиҳо ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар давраи тухмгузорӣ дар обанборҳои вилоят аз ҷониби Раёсат татбиқи як қатор ҷораҷӯиҳо ба назар мерасанд.

Бо назардошти обу ҳавои мусоид аз 15 - уми март то 31 - юми май дар ҳавзаи дарёи Сир, обанборҳо, дарёҳо, сойҳо ва кӯлҳои ҳудуди вилоят сайди моҳӣ манъ карда мешавад. Дар ин давра аз тарафи гурӯҳҳои фаврӣ ҳудуди обанборҳои ҳавзаи Сирдарё аз қисми болооби обанбори «Баҳри тоҷик» то НБО - и «Фарҳод», роҳҳои оҳану автомобилгард, бозорҳо, нуқтаҳои моҳипазӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Исфара зери назорат гирифта шуд. Инчунин, байни аҳолӣ суҳбатҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба рафти афзоиши табиии моҳиҳо, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ дар давраи тухмгузорӣ гузаронида шуд.

Парвариши сунъӣ ва такрористеҳсолкунии моҳӣ

Моҳипарварӣ баробари соҳаҳои дигари муҳими кишоварзӣ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро яке аз омилҳои таъмини амнияти озуқавории миллат арзёбӣ намудаанд. Дар қаламрави вилоят 53 хоҷагии деҳқонии моҳидорию моҳипарварии хурду калон ташкил шудааст. Намояндагони гурӯҳи корӣ дар рафти шиносоӣ муайян намуданд, ки ҳавзҳои моҳипарварӣ ба талаботи парвариши моҳӣ ҷавобгӯ нестанд. Барои рушди минбаъдаи соҳа, барқарор намудани фаъолияти ҳавзҳои моҳипарварӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои марбута пешниҳодҳо дода шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар рӯзҳои сафари корӣ ба вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ифтитоҳи объектҳои ҳаётан муҳим, бевосита дар маъракаи такрористеҳсолкунии захираҳои моҳии обанбори ҳавзаи Сирдарё иштирок намуда буданд. Ҳамзамон, идомаи корҳои афзун намудани захираи моҳиҳо дар обанбори ҳавзаи Сирдарё марҳала ба марҳала бо иштироки бевоситаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ шуда истодааст. Раёсат баробари бурдани назорати давлатӣ ҳамкориро бо муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ҷоннок намуда, барои беҳтар намудани муҳити зист, ҳифзу оқилона истифодабарии захираҳои табиӣ ва барқарор сохтани намудҳои нодир ва маҳвшудаистодаи олами ҳайвонот чораҳои мушаххас меандешад.

Беҳтар намудани вазъи экологӣ

Қайд кардан лозим аст, ки барои мубориза бар зидди кирмаки хомӯшак, ки барангезандаи касалии вараҷа аст, соли 1938 аввалин маротиба ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намуди моҳиҳои вараҷакушаки шарқӣ (восточная гамбузия) оварда, ба иқлими обанборҳо мутобиқ карда шуд. Ин моҳиҳои мутобиқшуда вазъи санитарии диёрамонро беҳтар карда, паҳншавии касалии вараҷа байни аҳолӣ як муддат паст гардид. Баробари васеъ шудани майдони заминҳои кишоварзӣ, хусусан шоликорӣ дар вилоят барои хомӯшакҳо шароити хуб пайдо ва солҳои охир миқдори онҳо зиёд гашта, ҳамагонро ба ташвиш овард. Инчунин, зиёд рӯидани растаниҳои обӣ ба афзоиши ин пашшаҳо сабаб шудааст.

Раёсати ҳифзи муҳити зист бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чанд маротиба атрофи Сирдарёро аз растаниҳои обӣ бо тарзи механикӣ тоза кард. Бо тавсияи олимон аввалин маротиба усули биомелиоративиро амалӣ ва моҳиҳои растанихӯр паҳн карда шуд.

Бо мақсади чорабиниҳои такрористеҳсолкунии захираҳои моҳиҳои обанборҳои ҳавзаи Сирдарё, амалӣ намудани усули биомелиоратсия ва таъмини хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз тарафи истифодабарандаи захираҳои табиии ҶСК «Моҳии тоҷик» бештар аз як миллион моҳичаҳои хушсифати намуди растанихӯр паҳн гардидааст. Раёсат дар оянда барои ба мувозинат даровардани экосистемаи ҳавзаи Сирдарё ва беҳтар намудани вазъи экологӣ кӯшиш ба харҷ дода, усулҳои нави замонавиро амалӣ мегардонад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки самаранок истифодабарии заҳбурҳо, каналҳои магистралӣ ва обанборҳо дар Осиёи Марказӣ, зиёдшавии растаниҳои обӣ ба талафёбии захираи об, аз ҷумла бухоршавӣ, ботлоқшавӣ аз 10 то 30 фоиз сарфаи об дар обанборҳо кам мегардад.

Раёсати ҳифзи муҳити зист дар асоси қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба самти назорати давлатӣ, ҳифзу самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ, мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо ҷоннок намуда истодааст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh