Боғу токзорҳои нав бунёд гардиданд

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар нишаст маърӯзаи раиси ноҳия Зариф Мирдадо вобаста ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2018 - ум пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ дар ноҳия дар соли 2018-ум 101,5 фоиз ба иҷро расида, он нисбат ба нақша 596,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 100,3 фоиз ба иҷро расидааст. Дар ноҳия азнавсозии корхонаи ҶС «Намаки Ашт» дар назар аст. Ҳамзамон, ду коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 30 ҷойи нави корӣ ва коркарди санги хоро барои 20 нафар коргар таъсис ёфтааст. Соли гузашта аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар 57 иншоот корҳои сохтмонию таъмир ва азнавсозӣ гузаронида шудааст.

Соли сипаригардида дар маҷмӯъ 133,7 километр роҳҳо таъмиру тармим ва шағалпӯш гардиданд. Бунёди боғҳои нав ва барқарор кардани боғу токзори кӯҳна дар ноҳия вусъат гирифта, соли 2018 - ум 175 гектар боғи нав ва 259,7 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шудаанд, ки дар маҷмӯъ 549,8 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои пахтакори ноҳия соли пешин дар майдони 6211 гектар кишти пунбадона гузаронида, уҳдадории солонаро ба андозаи 101,7 фоиз ба иҷро расониданд.

Дар фарҷом журналистон ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh