Оё нахи пахта то ба ниҳоӣ коркард мешавад?

Дар ду - се соли оянда бояд ягон кило нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз кишвар берун набарояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Пахта боигарии миллат, сарчашмаи ризқу рӯзии деҳқон мебошад. Соли 2018 бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти пахта нисбат ба солҳои пешин зиёд гардида, коркарди он низ дар дохили кишвар суръати тоза гирифт. Агар соли 2017 - ум дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони ҳафт ҳазору 201 гектар донаи умед кишта бошанд, соли 2018 - ум масоҳати он ба ҳашт ҳазору се гектар расид. Мутаассифона, бо сабаби номусоид омадани обу ҳаво, яъне гарм шудани фасли тобистон деҳқон натавонист ҳосили дилхоҳ рӯёнад, аз ҷумла дар баробари дигар зироатҳои кишоварзӣ, пахта низ муддате аз сабзиш бозмонд. Гарчанде масоҳати кишти пахта зиёд гардида бошад ҳам, аммо деҳқон ҳосили дилхоҳ гирифта натавониста, дар ноҳия ҳамагӣ 16193,5 сентнер “тиллои сафед” ҷамъоварӣ гардид.

Шартнома - роҳи ҳалли масъала

Дар ҳамин раванд соли 2018 хоҷагидорони ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров кишти пунбадонаро хуб ба роҳ монда, барои коркарди он дар дохили кишвар соҳибкорон бо деҳқонон шартнома бастанд.

Соли 2018 - ум панҷ корхонаи коркарди пахтаи ноҳия – Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Хуҷанд – Стандарт – Коттон”, ҶДММ ба номи Юсуф – саркор, ҶДММ “Шамс 777”, ҶДММ “Зафариён” ва ҶДММ “Хуҷанд – Сидней” тариқи шартнома аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ ба андозаи 16998,5 тонна “тиллои сафед” қабул карданд.

Ҳавасмандии деҳқон шарти зарурист!

Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2018 - ум Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи васеи вилоятӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ зикр дошта буд, ки майдони кишти пахта, картошка ва дигар зироатҳо афзун гардонида, содироти маҳсулоти хӯрока зиёд ва коркарди пахта дар дохили вилоят рушд дода шавад.

Дар ҳамин ҷаласа Раиси вилоят сарварони хоҷагиҳои деҳқониро баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани “тиллои сафед” ва масъулони корхонаҳои коркарди пахтаро вазифадор намуд, ки деҳқонро ҳавасманд гардонанду ҳосили ба даст овардаашро бо арзиши назаррас харидорӣ намоянд. Ҷамъоварии пахта сари вақт анҷом ёфта, воридот ба корхонаҳои коркард бонизом сурат гирифта бошад ҳам, аммо тавре дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид гардид, “яке аз сабабҳои пурра коркард нашудани нахи пахта аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад”.

Захираи чигити тухмӣ

Соли гузашта корхонаҳои коркарди ноҳия, аз ҷумла ҶДММ ба номи Юсуф - саркор ба миқдори 5960,9 тонна пахта ва 2213 тонна нахи пахта истеҳсол кард, ки 39,6 фоизро ташкил дод.

Инчунин, ҶДММ “Зафариён” 4059,2 тонна пахта қабул карда, аз он 1494 тонна нахи пахта (38,1 фоиз), ҶДММ “Шамс 777” аз 3812 тонна 1452 тонна нах (39,2 фоиз), ҶДММ “Хуҷанд - Сидней” аз 2702, 9 тонна 751 тонна нах (27,7 фоиз) ва ҶСК “Хуҷанд – Стандарт Коттон” ба миқдори 733,5 тонна пахта қабул карда, 280,2 тонна нахи пахта (38,6 фоиз) истеҳсол намуданд. Дар маҷлиси фаъолон Раиси вилоят дар бобати истифода бурдани навъҳои тухмии босифат изҳори андеша намуда буд.

Тавре сармуҳосиби Раёсати кишоварзии ноҳия Шамсиддин Ҷумъаев изҳор медорад, соли 2018 корхонаҳои коркард чигити тухмии навъи “Иншан”, “Тинян”, “Синсзян”, “Чунянсо”, “Дӯстӣ”, “Флора” ва “Флеш” - ро бештар истифода бурданд. Масъулини коргоҳҳои коркард барои соли 2019 низ аз ҳамин навъҳои пахта ба миқдори 819,6 тонна захира кардаанд.

Навъи тухмӣ чӣ гуна бояд бошад?

Дар бобати он ки оё масъулини корхонаи коркард метавонанд аз хоҷагидорон ё иҷоракорон ҳамаи навъи пахтаро, новобаста аз сифат қабул кунанд, намояндаи Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулов Исроил Раҳимов чунин посух дод:

- Новобаста аз навъ ва сифат корхонаҳои коркард ҳама намуди пахтаро қабул мекунанд. Тавре дар маҷлиси фаъолони вилоят моҳи сентябри соли гузашта Раиси вилоят таъкид дошта буд, ба ҳар килои пахта роҳбарияти корхонаҳои коркард то шаш сомонӣ маблағгузорӣ менамоянд. Масалан, дар хоҷагии мо 19 нафар иҷоракор дар замини 630 гектар пахта корида, аз ҳар гектар 23 сентнерӣ ҳосил гирифтанд ва ҳамаи он мувофиқи шартномаи байни соҳибкор ва иҷоракор сари вақт ба коргоҳи коркард супорида, маблағгузорӣ карда шуд.

Сарвари коргоҳи коркарди ҶДММ “Шамс 777” Юсуфҷон Мирзоҷонов изҳор медорад, ки соли 2018 - ум аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иҷоракорони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров ба коргоҳ 3500 тонна пахта ворид гардид, ки нисбат ба соли пешин чорсад тонна зиёд мебошад.

Дар мавсими коркарди пахта 27 нафар дар ду баст фаъолият бурда, онон бо хӯроки гарм таъмин буданд. Аз ҳамон пахтаи воридшуда 1330 тонна нах, 1890 тонна чигит, 80 тонна тору пуд, 20 тонна равған ва 300 тонна кунҷора гирифта шуд.

Босуръат саноатикунонӣ - ба манфиати ҷомеа

Масъулини корхонаҳои коркард изҳор медоранд, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои корхонаҳои истеҳсолкунанда мораторий эълон карданд ва чунин имтиёз имкон медиҳад, ки мо фаъолияти хешро боз ҳам мукаммалтар гардонем.

- Тавре дар Паём омадааст, - изҳор медорад сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимбоев, - соли 2018 соли дастоварди комёбиҳои таърихӣ буд. Ба истифода додани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, то деҳаҳои кӯчактарин ва дурдасттарин бо қувваи барқ таъмин гардидан, бо ҳам омадани мардуми тоҷику ӯзбек ва кушода гардидани сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дастовардҳои шоиста мебошад. ҳамчунин босуръат саноатикунонии мамлакат ҳадафи минбаъдаи рушди кишвар маҳсуб меёбад.

Ҳамаи ин моро водор месозад, ки боз ҳам бештар меҳнат кунем ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои сазовор ва арзанда истиқбол гирем.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд” 

Add comment


Security code
Refresh