Муаммои об дар Ашт

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт дар соли 2018-ум ба хоҷагиҳои кишоварзӣ мувофиқи талаботу дархост оби полезӣ расонид. Аммо Идораи мазкур аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба маблағи умумии 900 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Чаро?

Арзиши давлатӣ бар зарари коргоҳ

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки арзиши давлатии об барои хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 2 - дирамиро ташкил медиҳад. Гузашта аз он ин маблағ бо назардошти андози иловагӣ мебошад, ки 18 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки арзиши давлатии об ба 1,69 дирамӣ баробар аст.

Ин дар ҳолест, ки хароҷоти аслии хизматрасонии об барои 1 мукаабметр дар ноҳия 0,09 дирамиро ташкил медиҳад. Яъне Идораи обрасонӣ аз ҳар як мукаабметр об 7 - дирамӣ зарар мебинад.

Вобаста ба баланд кардани арзиши об барои хоҷагиҳои кишоварзӣ моҳи майи соли 2018-ум Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расида буд, ки мутобиқи он арзиши як мукаабметр об 4,72 дирамӣ муқаррар карда шудааст.

Барои ба хоҷагиҳои ноҳия фаҳмонидан Идораи обрасонӣ корбарӣ карда, муддати 20 рӯз вохӯрӣ доир намуда, моҳияти баланд бардоштани арзиши обрасонӣ фаҳмонида шуд. Ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо ин арзиш розӣ буданд. Фосилаи байни обдиҳӣ беҳтар гардида, сифати хизматрасонӣ низ баланд бардошта шуд.

Ба маблағи 4,72 дирамӣ муқаррар намудани як мукаабметр об дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят дастгирӣ наёфтааст. Аз ин лиҳоз, арзиши як мукаабметр об барои хоҷагиҳои деҳқонӣ боз ба 2 - дирамӣ фароварда шуд.

Хоҷагиҳои ноҳия дар мавсим ба ҳисоби миёна як мукаабметр обро бо арзиши 2 - дирамӣ барои як гектар масалан, боғи зардолу аз 250 то 300 сомонӣ мегирад.

Қарзи пардохти музди меҳнат

Идораи об то соли 2018 - ум 50 фоизи маблағи пардохти музди меҳнатро аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ мегирифт. Бо сабаби қарздор будани идора аз пардохти маблағи хизматрасонии барқ нисфи маблағи пардохти музди меҳнат, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардид, нигоҳ дошта шуд. Ин ба афзудани қарзи музди меҳнати корхона дар назди кормандонаш боис гардид.

Барои кӯмак намудан ба фаъолияти Идораи оби ноҳия аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба андозаи 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Афзоиши талабот ва хароҷот

Дар самти хизматрасонии идора тӯли се соли охир беш аз 3 ҳазор гектар замин, ки сӣ сол инҷониб бекор хобида буд, мавриди истифода қарор дода шуд.

Масъулини идора чанд соли охир кори худро беҳтар карданд, ки ин майли мардумро ба коркарди замин зиёд гардонид. Аммо бо сабаби даҳҳо маротиба афзудани арзиши қисмҳои эҳтиётӣ, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ хароҷоти фаъолияти идораи обрасонӣ афзуд.

Ба гуфти Иброҳимҷон Воҳидов - сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар коргоҳ 300 нафар фаъолият дошта, музди маоши миёнаи онҳо 700 сомониро ташкил медиҳад. Коргоҳ иқтидор надорад, ки дар ҳаҷми пурра маоши кормандонро пардохт намояд.

Боқимонда қисмати қарзи маоши кормандон пардохт нагардида, моҳ ба моҳ ҷамъ шуда истодааст. Бо сабаби норасоии маош мутахассисони соҳа аз кор мераванд, ки минбаъд ба коҳишёбии самти кадрӣ оварда расонданаш мумкин аст.

Пойгоҳҳои обкашии ноҳия обро зина ба зина тавассути ҳавзҳо боло мекашад ва баъд ба заминҳо тақсим мешавад. Аммо дар сурати боришот ва лойқа омадани оби дарё таҳшинҳо дар ҳавзҳо ҷамъ мешаванд. Пойгоҳҳо оби лойқаи регомехтаро мекашанд, ки аз ин таҷҳизоти обкашӣ хӯрда мешавад ва барқарор кардани воситаҳо маблағи зиёдро талаб мекунад. Илова бар ин ҳавзҳо бо лой пур мешаванд ва зарурати тоза кардани онҳо ба миён меояд. Агар ҳавзҳо тоза набошанд, онҳо обро қабул карда наметавонанд. Аммо мутахассисон ба қитъаҳо сафарбар шуда, бо захираву имкониятҳои мавҷуда то метавонанд кор карда истодаанд.

Ҳарчанд идора дар ҳолати ногувори иқтисодӣ ва техникӣ қарор дорад, дар ин ҷо 2 механизми боркунанда, 4 нақлиёти боркашон ва як булдозер машғули кор аст. Дар як рӯз зиёда аз 600 мукааб лойқа бароварда шуда истодааст.

Механизмҳои фарсудаи пойгоҳҳои обкашӣ бо рехтаҳои чӯянӣ иваз карда мешаванд. Пойгоҳҳои обкашӣ то якуми март бояд омодаи кор шаванд.

Ба гуфти кормандони соҳа агар маблағузорӣ аз буҷети вилоят ё маҳаллӣ нашавад, сол то сол бо фарсуда шудани дастгоҳҳои обкашӣ, баланд будани арзиши барқарор намудани иншооту дастгоҳҳо ва зиёд шудани талаботи аҳолӣ барои оби полезӣ вазъи обрасонӣ дар ноҳия вазнин боқӣ мемонад.

Инчунин, аз тарафи мутахассисон ду роҳи ҳалли масъала пешниҳод карда шуд: яке зиёд кардани маблағи ҳаққи хизматрасонии об барои кишоварзон; дигаре ҷуброн намудани қарзи коргоҳ. Ҳар ду роҳи ҳалли проблема аз ташкилотҳои дахлдори давлатӣ вобаста буда, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Ашт онро мустақилона ҳал карда наметавонад.

Пас, сари масъала бояд андешид.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
 «Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд - Ашт – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh