АШТ: ИҚДОМИ НАВ ДАР МАДАНИЯТИ ЗАМИНДОРӢ

Ба гардиши кишоварзӣ ворид намудану ба заминҳои зархез табдил додани қитъаҳои замини бекорхобида яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2018 дар вилояти Суғд барои васеъ намудани масоҳати замини кишт, ки пас аз пошхӯриии Иттиҳоди Шӯравӣ солҳо бекор монда буд, заминаҳои хеле воқеиву устувор гузошта шудаанд.

Вусъати муносибати дилсӯзона

Бале, азхудкунии заминҳои бекорхобида, ки он раванди ободкориву созандагиро дар худ таҷассум мекунад, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ қарор дорад. Биноан, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои корам имконият медиҳад, ки фаъолият дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ устувор гардад, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад, даромади аҳолӣ зиёд шавад ва бад - ин минвол некӯаҳволии мардум ба сатҳи боз ҳам баландтар расад.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» дар ноҳия солҳои охир эътибори хоса зоҳир мегардад. Барои фаҳмидан аз вазъи корҳо моро лозим омад, ки ба ноҳияи Ашт сафар намоем. Нақлиёти мусофиркашони Хуҷанд – Шайдон бомаром ба пеш ҳаракат мекарду роҳи масофаи байни маркази вилоятро ба шаҳраки Шайдон наздиктар месохт. Ҳама саргарми суҳбат буданд. Диққати моро заминҳои бекорхобидаю доманфарох ба худ кашид, ки он шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва ноҳияи Аштро ба ҳам мепайваст. Бале, дар даврони Шӯравӣ барои бунёди сохтмони мавзеи Ашти Калон заминаи воқеӣ гузошта буданд. Аммо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ имконияти молӣ даст надод, ки ин замини доманфарох ба мавзеи кишту сохтмонҳои азими аср табдил ёбад. Маълум аст, ки баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ заминҳои зиёде дар дохили ноҳия низ аз кишт бозмонданд. Зеро хоҷагиҳо муфлис гардиданд, имконияти молиявӣ даст намедод, ки хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия пурра онро истифода намоянд. Нарасидани сӯзишворӣ, техникаю тухмиҳои босифат, қувваи корӣ сабаб гардид, ки қисми заминҳое, ки дар «Ҳафттеппа» - и хоҷагии ба номи Калинин ҷойгир буд, аз кишт бозмонда, як муддат ба теппачаҳо табдил ёфтанд ва ё майдони алафҳои бегона гардиданд.

Солҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида корҳои зиёде ба сомон расиданд. Чаро, ки шодоб намудану ба заминҳои ҳосилхезу зардеҳ табдил додани ҳар як қитъа ва аз хоки мушкбезу зарофар рӯёнидани ҳосили фаровони «тиллои сафед» ва дигар зироатҳои кишоварзии ниёзи ҳаррӯзаи мардум рӯз аз рӯз вусъати тоза мегирад. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ин масъалаи муҳиму зарурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, кишоварзон барои зиёд намудани масоҳати заминҳои обӣ, алалхусус кишти пахта ва зироатҳои дигари хоҷагии қишлоқ дар асоси имконияту технологияҳо ва қоидаҳои агротехникӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Ба ин масъала тибқи талаботи имрӯза дар ноҳияи Ашт эътибори махсус дода мешавад. Барои аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва ҳам аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои ҳадафманд зоҳир мегарданд. Кишоварзон бори дигар дарк намудаанд, ки муносибати хуб ба замин асоси ҳосили фаровон, некӯаҳволии тамоми мардум аст. Онҳо пайваста баҳри зиёд намудани масоҳати заминҳои корами обӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Гули мурод мешукуфад дар «Рахшона»

Яке аз хоҷагиҳои пахтакоре, ки дар шодоб намудани заминҳои бекорхобидаю аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои зиёдеро анҷом додааст, ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» мебошад. Ҷараёни рафти корҳо вобаста ба азхудкунии замин ва фаъолияти хоҷагии мазкур шаҳодат доданд, ки он аз соли 2009 фаъолият дошта, соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок барои он маҳсуб меёбад. Ба Ҷамъият аз мавзеи “Ҳафтеппа” (дар гузашта Етитеппа) 414 гектар замин вобаста шудааст. Зиёда аз 107 гектари вобасташуда, дар ҳолати ғайриқаноатбахш ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда маҳсуб меёфт.

Тӯли 3 соли охир заҳматкашони Ҷамъият тавонистанд ҳамон 107 гектарро пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намоянд. Бо фаъолияти пурмаҳсул ва меҳнати софдилонаи кишоварзон заминҳои ин мавзеъ обод гардида, кишти пахта ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти пурсамари ҶДММ «Рахшона» боис гардид, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Ҷамъият барои азхудкунии заминҳои бекорхобида дар ду давр иловатан 213 гектар замин вобаста карда шавад. Дар даври якум хоҷагӣ тавонист 105 гектар заминро корам намояд. Имсол заҳматкашон ният доранд, ки боз 116 гектар заминро барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, ҳосилнокиро баланд бардоранд.

Имрӯз дар хоҷагӣ 50 намуд техникаи гуногунтамғаи замони муосир аз қабили тракторҳои МТЗ 80 - 82, мошини пахтачинӣ мавҷуд буда, онҳо дар майдонҳои васеи хоҷагӣ вобаста ба мавсим фаъолият мебаранд. Бояд зикр намуд, ки ҶДММ «Рахшона» хоҷагии серсоҳа аст.

Моҳипарварӣ дарсамти иқтисодиёти ҷомеа

Аҳли заҳмат ният доранд, ки имсол дар масоҳати 45 гектар хоҷагии моҳипарварӣ бунёд намуда, барои дар бозори истеъмолӣ зиёд кардани чунин намуди маҳсулот заминаи воқеӣ гузоранд. Барои дар сатҳи баланд ташкил намудани хоҷагии моҳипарварӣ сарвари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» Шӯҳрат Мамадҷонов ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта, аз таҷрибаю нозукиҳои ин соҳа огоҳ гардид. Бояд зикр сохт, ки намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мутахассисонии соҳа барои дастурдиҳӣ ба хоҷагии моҳипарварӣ ташриф оварда, дар бораи иқлим, роҳҳои парвариши моҳӣ дар ин минтақа ба ҳамкасбони тоҷики худ маслиҳатҳои муфид доданд. Вақте ки ба хоҷагӣ омадем, дар ҳар тарафи заминҳои хоҷагии мазкур овози техникаҳои гуногун ба гӯш мерасид, ин мавзеъро барои парвариши моҳӣ омода месохтанд.

Имсол мо ният дорем, ки моҳичаҳоро барои парвариш харидорӣ ва аз соли оянда биолабаротрияи худамонро ташкил карда, парвариши моҳичаҳоро ба роҳ монем, - изҳор дошт муҳосиби хоҷагӣ Пӯлодҷон Шералиев.

Бояд тазаккур дод, ки аҳли хоҷагӣ ният доранд, сол аз сол масоҳати парвариши моҳиро дар ҳавзҳо ва обанборҳои хоҷагӣ бештару беҳтар ба роҳ монда, рӯи дастархони мардуми натанҳо вилоят, балки ҷумҳуриро бештар бо маҳсулоти моҳигӣ таъмин намоянд. Аз ин рӯ агар соли 2019 дар нақшаи хоҷагӣ дар масоҳати 45 гектар ташкил намудани обанборҳои моҳипарварӣ ба назар гирифта бошанд, соли 2020 ин миқдор ба 70 гектар расонида мешавад. Обёрӣ намудани заминҳои ба гардиши кишоварзиро ворид гардида, аз ҳисоби канали М1 - и пойгоҳи калони минтақавӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия тааллуқ дорад. Аз он дар масофаи 3 километр лӯлаи об кашида, дар идомааш канали обёрӣ ба дарозии 4 километр кофта шудааст. Дар ду даври азхудкунии қитъаҳои замини бекорхобида бо иншооти обрасон дастрас кардани қариб 1 мукааб об ба заминҳои ташналаб дар назар мебошад. Зеро дар он ҷое, ки об ҳаст, ободӣ ҳаст ва ҳосили фаровони деҳқон низ аз ин мӯъҷизоти олам сарчашма мегирад. Аҳли хоҷагӣ ният доранд, ки поёноби заминҳои қаблан азхудкардашударо низ барои парвариши зироатҳои дигар ва ҳосилбардорӣ истифода баранд.

Ҳар қитъаро ҳосилбахш мегардонанд

Соли якум ба заминҳои бекорхобида гандум кишт карда, солҳои минбаъда кишти пахта ба роҳ монда мешавад. Заминҳои кишти гандум дар хоҷагиҳои Ҷамъият хеле зиёд буда, баъди азхуд кардани қитъаҳои дигар ҳудуди он боз ҳам васеъ мегардад.

ҶДММ «Рахшона» дар он заминҳое, ки ба онҳо вобаста карда шудааст, беҳтару хубтар дар асоси талабот нигоҳубин карда, маданияти кишоварзиву заминдориро баланд мебардорад. Соли равон дар масоҳати наздик 300 гектар пахта кишт карда мешавад. Аҳли заҳмат тасмим гирифтаанд, ки заминҳои бекорхобидаи дигар хоҷагиҳоро низ ба иҷора гирифта, аз он ҳосили фаровон ба даст оранд. Масалан, заминҳои хоҷагиҳои деҳқоние, ки имконияти пешбурди фаъолиятро дар минтақаҳои Иттифоқ, Хуросон, Ориён ва Ашт надоранд, онҳо ба иҷора гирифта, бо меҳнати содиқона дар рушди соҳаи пахтакорӣ саҳм гузошта истодаанд.

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» натанҳо кишти пахта, балки парвариши моҳӣ, тайёр намудани масолеҳи сохтмон ва дигар намуди фаъолиятро низ ба роҳ мондааст.

Хоҷагии моҳипарварии он дар масофаи на он қадар дур аз шоҳроҳи Марҳамат воқеъ гардида буд. Моро лозим омад, ки барои аз наздик ошноӣ пайдо кардан ба ин мавзеъ омада, оид ба рафти тайёриҳо ба мавсими имсола огоҳ гардем. Хоҷагии моҳипарварӣ дар масофаи тақрибан 7 километр аз роҳи мошингард дар байни заминҳои нопайдоканори ин мавзеъ ташкил шуда истодааст. Бино ба гуфти муҳосиби хоҷагӣ Пӯлодҷон Шералиев заҳматкашон ният доранд, ки имсол дар масофаи 45 гектар ҳавзи моҳипарварӣ бунёд намоянд аз моҳи март то октябр парвариши моҳиро ба роҳ монанд. Бояд зикр кард, ки дар саҳроҳои доманфарох ба ғайр аз чиниши дастӣ онҳо аз «киштии кабуд» низ истифода мебаранд. Ҷамъият аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду мошини нави пахтачиниро харидорӣ намудааст.

Ҳангоми сафари кории худ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Рахшона» дидан карда, барои самаранок ба роҳ мондани фаъолияти кишоварзӣ супоришу тавсияҳо дод. Кишоварзони ноҳия бошанд, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида аз имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои ҳанӯз истифода нашуда корбарӣ намуда, қадри замину заминдориро амалан баланд мебардоранд. Пурра аз худ намудани заминҳои бекорхобидаи нақшавӣ то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст ва дар ин самт ҳадафмандона ҳамагон кору пайкор доранд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд - Ашт – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh