Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки рӯзи 9 феврал сурат гирифт, бо рафти бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.

Майдони Парчами давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шафати бинои Ҷамоати деҳоти Хистеварз бунёд гардида, дарозии сутунпояи Парчам 50 метрро ташкил мекунад.

Дар аснои шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки майдон бо тарҳи хоса ороиш дода шуда, ба макони истироҳативу фароғатии сокинон табдил дода мешавад.

Сипас, Раиси вилоят раванди корҳои сохтмонии шуъбаи бачагонаи беморхонаи ҷамоатро мавриди назар қарор дода, ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин тавсияҳо дод. Беморхонаи Ҷамоати деҳоти Хистеварз аз соли 1978 фаъолият дошта, дорои 8 шуъба, аз ҷумла шуъбаи бачагона мебошад. Бинои нави шуъбаи бачагона дар масоҳати 0,47 га сохта мешавад ва тибқи иттилои масъулин то имрӯз 60 дарсади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо рафти сохтмони Маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии соҳибкор Ғафур Раҳимов ошно гардид. Иншооти сохташаванда аз се ошёна иборат буда, дар он даҳҳо нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, айни ҳол 60 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 20 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ намунаи ибрат арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сатҳи зиндагии сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳо боз ҳам беҳтар мегардад.

Дар поёни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Хистеварз Раиси вилоят ҳамзамон бо ҷараёни сохтмони Маркази табобатӣ ва хизматрасонии соҳибкор Муйиддин Самадов шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии Маркази табобатӣ ва хизматрасонӣ моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, қарор аст соли ҷорӣ ба охир расонида шавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти хусусӣ 35 нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh