Имсол кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 300 гектар картошкаи барвақтӣ кишт мекунанд

Рӯзи 9 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти картошкаи барвақтӣ дар ноҳия оғоз бахшид.

Дар ин рӯз Раиси вилоят дар заминҳои Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳия бо кишоварзон суҳбат намуда, ҷиҳати истифодаи навъҳои серҳосили тухмии картошка, риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми кишт, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила саҳми назаррас гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру маслиҳатҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят дар Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” ба кишти картошка оғоз бахшида, ҷиҳати истифодаи самараноки замин ба роҳбарияти Боғи миллии “Ваҳдат” дастуру супоришҳо дод.

Раиси вилоят зимни боздид аз гармхонаи Боғи миллии “Ваҳдат”, ки ҳосили он қисман пухта расидааст, барои банду басти маҳсулоти дар заминҳои муассиса истеҳсолшаванда ва бо бренди махсус ба фурӯш баровардани онҳо тавсияҳо дод. Зикр кардан ба маврид аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гармхонаи Боғи миллии “Ваҳдат” бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта парвариши помидор ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки соли равон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи тасдиқшудаи ниҳодҳои марбута дар 1500 гектар кишти барвақтии картошка гузаронида мешавад, ки 300 гектари он ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh