Картошкаи барвақтӣ: Роҳҳои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти иқлими мусоиди вилояти Суғд доимо таъкид бар он мекунанд, ки бо кишти навъҳои ватаниву хориҷии серҳосили картошкаи барвақтӣ деҳқонони вилоят ба он ноил гарданд, ки ҳам рӯзгори мардуми диёрамон аз ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ таъмин бошад, ҳам бо пешкаш намудани картошкаи барвақтӣ ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон потенсиали содиротии кишвар баландтар шавад.

Мухбирони рӯзнома бобати рӯшанӣ андохтан ба муҳлатҳои аниқу мушаххаси кишти картошкаи барвақтӣ ба директори Маркази илмии кишоварзӣ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои кишоварзӣ Рустам Раҳимов бо чанд суол муроҷиат намуданд.

- Баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳи картошкаи барвақтӣ дар кадом муҳлатҳо кишт намудани он мувофиқтар аст?

- Аввалан бояд гӯям, ки соли равон дар вилоят ба майдони 1,5 ҳазор гектар кишт намудани картошкаи барвақтӣ ба нақша гирифта шудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки кишту парвариши ин навъи картошка танҳо дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ ба роҳ монда мешаваду халос. Ин шаҳру навоҳӣ минтақаҳои водигӣ маҳсуб меёбанд. Иқлими минтақаҳои дигари вилоят, ки кӯҳӣ ва наздикӯҳианд, ба кишти картошкаи дерӣ мусоиданд. То ба санаи 11 - уми феврал аз ин ҳисоб, яъне аз якуним ҳазор гектар ба 75 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз ҷумла 57 гектар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, боқимонда дар дигар шаҳру навоҳӣ. Картошкаи барвақтиро муҳлати охирин то санаи 25 - уми феврал кишт кардан зарур аст. Давраи вегетатсионии ин навъи картошка 80 - 90 рӯзро дарбар мегирад. Агар тухмии навъҳои ватании «Шукрона», «Каримӣ» ва хориҷии «Ранний Ҷуковский», «Невский», «Редскарлет» кишт карда шаванд, аллакай баъди дуним - се моҳ ҳосилро ҷамъ овардан мумкин аст. Тухмии навъҳои белорусии «Манифест», «Уладар»-ро бошад, то 1 - уми март низ кишт кардан мумкин аст. Давраи нашъунамои ин навъ 60 рӯз аст. Охири моҳи май ва аввали моҳи июн самараи картошкаи барвақтӣ ғундошта мешавад.

Агар ҳарорати ҳаво дар давраи ҳосилбандии картошкаи барвақтӣ 26 дараҷа гарм шавад, картошка лӯнда намебандад. Бинобар ҳамин ин навъи картошкаро ҳарчи барвақт кишт кардан беҳтару баманфиат аст.

- Баҳри ҳосили баланди картошкаи барвақтӣ ба даст овардан танҳо навъи тухмӣ нақши асосӣ дорад ва ё омилҳои дигар низ мавҷуданд?

- Бояд гӯям, ки омили асосӣ ин тайёр кардани замин аст. Бояд дар тирамоҳ заминҳои кишти картошкаи барвақтӣ хубу босифат, дар чуқурии 28-35 сантиметр шудгор гузаронида, имкон бошад, ҳатто ҷӯякҳо низ хат кашида монда шаванд. Баъд лозим аст, ки картошкаи босифати тухмӣ кишт карда шавад. Ҳангоми шинонидани картошкаи тухмӣ ҳатман реҷаи шинонидан риоя карда шуда, агар вазни лӯндаҳои картошкаи тухмӣ 30 - 40 грамм бошад, вақти ба қатор шинондан масофаи байнашон бояд 20 сантиметр бошад, агар 50 - 60 грамм бошад, он вақт масофаи байни лӯндаҳо бояд 28 сантиметр бошад. Баъдан, пас аз ба замин мондани тухмӣ ҳатман аз болояш 8 - 10 сантиметр хоки нарм рехтан зарур аст.

Инчунин, муҳим аст, ки пеш аз гузаронидани кишт ба ҳар гектар то 130 килограмм нурии фосфорӣ ва 90 - 100 килограммӣ нурии калий дароварда шавад.

- Зарурияти даровардани нурии минералӣ дар мавриди кишт дар чист?

- Зарурат дар он аст, ки калий барои пешгирии касалиҳои реша, ҳамчунин устувору тобовар намудани лӯндаҳои картошка ба сармоҳои аввалибаҳорӣ мусоидат мекунад. Нурии фосфорӣ бошад, барои инкишофи танаи растанӣ, инчунин гулбандии мураттаб ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифатнокии он таъсир мерасонад.

Баъди он, ки тухмиҳо нумӯъ карда, 8 - 10 сантиметр қад мекашанд ва 5 - 6 барга мешаванд, ду маротиба хоккаш кардан лозим аст ва дар ин маврид низ озуқа додан имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳи то 300 сентнерӣ ва ё 30 - тоннагӣ аз ҳар гектар ба даст оварда шавад.

Сол аз сол бештар гардидани таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ба афзун гардондани масоҳати кишти картошкаи барвақтӣ дар вилояти Суғд низ бесабаб нест. Зеро маҳз дар ҳамин мавсим - яъне моҳҳои феврал, март ва апрел, давоми 80 - 90 рӯз пухта расидани ҳосили картошкаи барвақтӣ фақат ба минтақаи вилояти Суғд хос аст.

Риояи қатъии агротехникаи парвариши картошкаи барвақтӣ ва бо ҳамин ба даст овардани ҳосили 300 сентнерӣ кишоварзони вилоят метавонанд ҳам бозори дохилии кишварро ба таври кофӣ таъмин намоянд ва ҳам имконияти содиротиро бо ин намуди маҳсулот афзун гардонанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки картошкаи барвақтӣ аз он навъи зироатҳост, ки талаботи беандоза ба озуқаи минералӣ, аз ҷумла нуриҳои азотӣ, калий ва фосфорӣ дорад ва ба ҳар гектар дар мавсим зарур аст, ки зиёда аз 800 то 1000 килограмм озуқа ворид карда шавад.

 Рафоат МӮЪМИНОВА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh