ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ: Дастгирӣ ба ҳалли муаммо мусоидгар аст!...

Дельверзин Дилварзин шуд!...

Тавре иттилоъ дода будем, дар аввали моҳи феврали соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, аз пойгоҳи обкашии «Дилварзин - 1» боздид намуда буд. Зимни он ба масъулин дастур дода шуда буд, ки корҳои таъмиру тармимро ба мавсими нави обёрӣ бо сифати баланд ба сомон расонида, дар атрофи бино ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шавад.

Бо мақсади то кадом андоза иҷро гардидани супоришҳо ба ин ноҳия омадем ва аз рафти таъмири пойгоҳҳои обкашии «Дилварзин – 1» ва «Дилварзин – 2» аз наздик ошно шудем.

Ҳангоми мушоҳида аён гардид, ки супоришҳои роҳбарияти вилоят амалӣ шуда, навиштаҷоти пештоқи бинои пойгоҳи «ДЕЛҲВЕРЗИН», ки чандин сол инҷониб он ҷоро «зеб» медод, баъди эроди Раиси вилоят бартараф гардида, бино рангубор ва дар атрофи он ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуданд.

Сипас, бо сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Искандар Азизов ҳамсуҳбат шуда, аз кору пайкори миробҳо огоҳӣ пайдо кардем.

Боиси зикр аст, ки бобати омодагӣ ба мавсими обрасонӣ то имрӯз дар самти тоза намудани хатҳои обрасонӣ, заҳбуру заҳкашҳо, таъмири дастгоҳҳои обкашиву чоҳҳои амудӣ ва зер-истгоҳҳои барқӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Бояд гуфт, ки иншооти мазкур соли 1972 сохта шуда, он дорои 5 дастгоҳ аст ва иқтидори обкашии як насос 3,7 мукааб метр дар як сония мебошад. Ин пойгоҳ барои обёрии зиёда аз 14 ҳазор гектар замин пешбинӣ шуда, иқтидори он кашидани об то баландии 47 метрро дорад.

Имрӯз мутахассисон кӯшиш намуда истодаанд, ки ба мавсими обрасонӣ ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ, иншооти гидротехникиро омода намуда, то муҳлати муқарраршуда ба хоҷагиҳои деҳқонӣ обро таъмин созанд. Аз 55 дастгоҳи пойгоҳҳои обкашӣ, айни ҳол наздик 85 фоизи он таъмир гардидааст.

- Барои амалӣ сохтани корҳо бо якчанд корхонаҳои сано-атии ҳудуди вилоят, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хуҷанд - Торгмаш», заводи мошинсозии шаҳри Бӯстон, корхонаи таъмиргарии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корбарӣ идома дорад. Дар ин коргоҳҳо қисмҳои эҳтиётиро рехтагарӣ намуда, дар сехҳои механикӣ, таъмиргарии ноҳия тармим карда истодаанд, ки ин барои беҳтар ва босифат омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ ёрӣ мерасонад, - зикр дошт дар суҳбат корманди идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Раҷаб Қурбонов.

Ҳадаф: беҳтар намудани вазъи обрасонӣ

Ҳамчунин, аз тарафи идораи обрасонӣ оид ба тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо корҳо хуб ба роҳ монда, айни ҳол зиёда аз 10 километр каналу ҷӯйбор тоза карда шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилоят дар хусуси иҷрои дас-туру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, барои беҳтар намудани вазъи обрасонӣ дар ноҳия ва харидории агрегатҳои нав ба пойгоҳи “Дилварзин - 2” аз буҷети вилоятӣ соли 2018 наздик ба 2,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба пойгоҳи обкашӣ ду агрегати пуриқтидор дастрас шуд.

Имсол аз тарафи Раиси вилоят 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо ва дар сурати ворид шудан ба суратҳисоб боз корҳо аз ин хубтар мегарданд. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки барои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо аз тарафи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят як техникаи пуриқтидор рӯзҳои наздик ба ноҳия фиристода мешавад ва сифати корҳо боз ҳам беҳтар мегардад.

Мушкилоти асосӣ – напардохтани маблағи хизматрасонӣ

Имрӯз идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ бо 14 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартнома бастааст, ки тақсимоти об ва рӯёнидани маблағи хизматрасонӣ тавассути онҳо сурат мегирад. Дар идомаи суҳбат сардори идора самтҳои мусбату манфии фаъолияти ассотсиатсияҳоро дар алоҳидагӣ чунин арзёбӣ намуд:

- Мушкилии асосӣ дар он аст, ки сари вақт аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятии истифодабарандагони об маблағи ҳаққи хизматрасонӣ пардохт намешавад. Айни ҳол 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст, ки ин барои музди меҳнат, таъмири ҷории пойгоҳҳои обкашӣ ва заҳбуру заҳкашҳо басанда нест.

Қарзи хоҷагиҳо бошад, аз идораи об қариб 15 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мутахассисон ҳамроҳи кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии истифодабарандагони об корбарӣ намуда, бо баъзе хоҷагиҳои деҳқоние, ки аз пардохти маблағ канораҷӯӣ мекунанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва прокуратура пешниҳод ирсол намудаанд.

- Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо ҳамин сабабҳо аз шабакаҳои барқ 18 миллион сомонӣ, аз андоз зиёда аз 3 миллион сомонӣ ва музди меҳнат 480 ҳазор сомонӣ қарздор ҳаст, - изҳор намуд И. Азизов.

Натиҷаи таваҷҷуҳ - фаъолияти муназзам

Бояд қайд намуд, ки соли 2018 барои сари вақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудо гардидани 3 миллиону 950 ҳазор сомонӣ маблағ, аз он ба ноҳияҳои Зафаробод – 1 миллион сомонӣ, Мастчоҳ – 2 миллиону 550 ҳазор сомонӣ, Ашт – 400 ҳазор сомонӣ барои омода намудани шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ мусоидат намуд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 метр лӯлаи баландфишори пойгоҳи обкашии «Янтоқ – 2» иваз шуда, ду муҳаррики барқӣ харидорӣ ва ба пойгоҳи обкашии «Дилварзин - 2» васлу насб гардид.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Зафаробод пойгоҳҳои обкашии «Қизилӣ - 1», «Қизилӣ - 2», «Қизилӣ - 3» ва «Қизилӣ - 4» пурра аз таъмир бароварда шуданд.

- Барои бештар таъмин намудани заминҳои кишоварзии минтақаи Қизилӣ ду дастгоҳи обкашии 5 ҳазор кВт дар пойгоҳи обкашии «Қизилӣ - 4» васлу насб ва ба кор дароварда шуд. Ба ғайр аз он як дастгоҳи обкашии 8 ҳазор кВт дар пойгоҳи обкашии «Қизилӣ – 3» низ ба пуррагӣ аз нав барқарор гардид, - гуфт зимни суҳбат сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Тоҳир Қудратзода.

Бояд қайд намуд, ки дар мавсими имсола бобати саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳи обкашӣ ва ин-шооти обрасон бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудо гардидани 1 миллион сомонӣ маблағ, аз ҷумла ба ноҳияҳои Зафаробод – 300 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ 200 ҳазор сомонӣ, Ашт – 300 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Панҷакент – 200 ҳазор сомонӣ барои пешрафти кор мусоидат мекунад.

Имрӯзҳо кормандони соҳа кӯшиш доранд вазифаи худро сарбаландона ба сомон расонанд. Зеро онҳо ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки агар фаровонии дастархони мардум аз самаранокии заҳмати марди деҳқон бошад, пас серҳосилии зироатҳои кишоварзӣ аз ҷаҳду талоши миробҳо вобастагии калон дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh