Муфлисшавии хоҷагиҳои тухмипарварӣ аз чӣ падид меояд?!

Мутахассисон соҳаи тухмипарвариро яке аз самтҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишоварзӣ медонанд. Дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро маҳз тухмичигӣ ишғол менамояд. Зиёд намудани истеҳсоли зироатҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо аз истифодаи тухмиҳои хушсифату сара вобастагии калон дорад. Вазифаи асосии тухмипарварӣ таъмини хоҷагиҳои ҷамъиятиву инфиродӣ бо тухмии босифат, нигоҳдории навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад. Ҳалли талаботи мазкур тадбирҳоеро тақозо дорад, ки ихтирои навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, сари вақт гузаронидани санҷиши расмӣ ва минтақабоб намудани навъҳои беҳтарин бо мақсади ҳифзи хусусиятҳои генетикии онҳо, истеҳсол, коркард, сертификатсиякунонӣ ва маркетинги тухмиро дар бар мегирад.

Бино ба гуфти коршиносон тухмипарварӣ натанҳо барои таъмини бозори дохилӣ, балки ба содирот низ нигаронида шуда, имконият медиҳад, ки самаранокии соҳа ва даромаднокии истеҳсолот моҳиятан баланд бардошта шавад. Дар солҳои шӯравӣ селексия ва тухмипарварӣ ба пуррагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ таъмин мегардид, вале бо тақозои замон бинобар ба амал омадани ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур якбора кам гардид.

-Дар ҷумҳурӣ баробари тухмипарварии ҷамъиятӣ бахши хусусии ин соҳа ба миён омад, ки дар зинаи ибтидоии тараққиёт қарор дорад, - мегӯяд Хайрулло Бобозода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят, - аз ҷумла масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини соҳаи мазкур ва беҳбуд бахшидан дар ин самт тайи солҳои охир як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Дар ин раванд бори аввал “Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2014” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009, № 297 тасдиқ гардида буд, ки ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшид.

Вале аз хулосаҳои таҳлилгарон бармеояд, ки вазъи имрӯзаи хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба талаботи истеҳсолот ҷавобгӯй нест ва аз ин рӯ, зарурати таҳияи “Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” ба миён омада буд. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди селексияи растанӣ ва тухмипарварӣ ва бунёди соҳае мебошад, ки дар мутобиқат бо меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки барномаи мазкур сиёсати давлатиро дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ ифода намуда, бо мақсади татбиқи меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тухмипарварӣ” ва “Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ” таҳия шудааст ва дар он иҷрои масъалаҳои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатии соҳа санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳо, назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, назорати фитосанитарӣ, карантин ва рушди селексияи растанӣ, истеҳсол, коркард ва маркетинги тухмӣ, тайёр намудани кадрҳо ва бозомӯзии мутахассисони соҳа, таъмини амният ва таъсиси фондҳои давлатии тухмӣ пешбинӣ гардидааст.

- Алҳол 19 хоҷагии тухмипарвар арзи вуҷуд доранд, ки асосан дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва Панҷакент фаъолият мебаранд, ки ҳадафашон пеш аз ҳама ба парвариш ва нигоҳубини тухмиҳои босифату серҳосил равона шудааст.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се хоҷагии тухмипарварӣ, аз қабили ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва АХД ба номи Раҳмон Набиев асосан дар самти ихтирои навъҳои чигити тухмӣ мансубият доранд.

Бо мақсади маълумоти бештар гирифтан дар бобати вазъияти кунунии хоҷагиҳои тухмипарварӣ, ҳолати бошишгоҳҳои саҳроӣ ва омодагии техникаҳои кишоварзӣ ба мавсими нави имсолаи кишт ба яке аз калонтарин хоҷагии тухмипарварии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев раҳсипор гаштем.

 Раиси хоҷагии мазкур Азамат Қодиров аснои суҳбат изҳор дошт, ки дар мувозинаи хоҷагӣ 2700 гектар замини обӣ, 825 гектар замини лалмӣ ва 1029 гектар боғоти бисёрсола қарор доранд. Соли гузашта дар масоҳати 1500 гектар замин кишти пунбадона гузаронида, беш аз 3200 тонна пахта истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба соли 2017 - ум 500 тонна зиёд мебошад.

Маҳз, тариқи ба иҷора додани заминҳои хоҷагӣ аз соли 2010 инҷониб дар заминҳои корам ва боғот истеҳсоли маҳсулот рӯ ба афзоиш овардааст. Бояд гуфт, ки алҳол 1450 нафар заминҳои хоҷагиро ба иҷора гирифта, бо аҳли оилаи хеш наздик 6 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъминанд. Ҳамчунин, муфид будани чунин тарзи истифода нишон дод, ки замин аз гардиши кишоварзӣ намонда, торафт ҳосилнокии киштзорон бештар мегардад.

Сипас, ҳамроҳи масъулини раёсати кишоварзии ноҳия аз бошишгоҳҳои саҳроии ин хоҷагӣ дидан намудем. Зимни азназаргузаронӣ воқиф гаштем, ки бо қарорҳои Суди иқтисодӣ бинобар қарз доштан аз мақомоти андоз, шабакаҳои барқу ассотсиатсияҳои обрасонӣ якчандтои он фурӯхта, хусусӣ гардонида шудаанд. Масъулин изҳор доштанд, ки амалиёт дар ин самт дар доираи қонун баррасӣ гашта, ба худи иҷоракорон фурӯхта шуда, тарзи истифодаи онҳо дигаргун нашудааст. Воқеан, чун аз чанд бошишгоҳҳои минтақаҳои Замини нав, Ворошилободи хоҷагӣ дидан намудем, гирду атроф тозаву обод, корҳои агротехникӣ, аз ҷумла сафедкунии тана ва башаклдарории дарахту токзорҳо саривақт гузаронида шудаанд.

Дар бошишгоҳи саҳроии бригадаи №37 низ ба мавсими имсола ҳамаҷониба омодагӣ дида, шароитҳои зарурӣ барои будубош ва истироҳати деҳқонон муҳайё гардонида шудааст. Инчунин, дар бобати техника ва мошинолоти кишоварзӣ масъулин изҳор намуданд, ки ҳамагӣ наздик 80 техника мавҷуд буда, 30 адади он пас аз таъмиру тармим ба мавсими киштукори имсола пурра омодаанд. Воқеан, бошишгоҳи мазкур бо техникаҳои марбутаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла трактори тамғаи МТЗ-1025, ядакҳо, техникаҳои заминҳамворкунӣ, молакунӣ ва шудгоркунанда, тухмипошак, чархмола, дорупошак, нурипошак ва бо таҷҳизоти дигар таъмин шуданд.

Мудири минтақа Осим Ҳайдарбоев аз вазъи бригадаи №26 мегӯяд, ки қариб 40 сол инҷониб бо аҳли оила дар заминҳои ин хоҷагии овозадор бо меҳнати деҳқонӣ шуғл меварзад.

- Маҳз, бо меҳнати зарбдори шабонарӯзӣ фарзандонамро дар донишкадаҳо хонондам. Чанд сол қабл бо пешниҳоди масъулин бинобар доштани қарз аз идораҳои марбута бошишгоҳро тариқи меъёрҳову талаботи қонунӣ харидам. Вале то имрӯз самти фаъолияти онро чигунае замонҳои пеш буд, ҳамон тавр истифода мебарем. Ҳамаи шароитро муҳайё намудаем, ки ҳангоми оғози мавсими корҳои соҳа, коргарон, обмонҳо, механизаторон ба ин ҷо омада, хӯрок мехӯранду дам мегиранд.

- Дар маҷмуъ, 15 бошишгоҳи саҳроӣ мавҷудааст. Бошишгоҳҳои дигар низ оғоз аз мавсими киштукор то гирифтани ҳосил фаъолияти бомароми худро ба роҳ хоҳанд монд, - таъкид дошт роҳбари хоҷагӣ.

Алиҷон Воҳидов - саркишоварзи ҶСК ба номи С.Ӯрунхоҷаев бобати вазъи ташхисгоҳ ҳарф зада, иброз дошт: - Аз оғози корҳои тухмипарварӣ чигити тухмии маҳаллии пахтаи “Хуҷанд - 67” асос маҳсуб ёфта, баҳри фаъолияти лабораторияи тухмипарварӣ агрономи соҳаи тухмичигӣ, ду лаборант ва банда фаъолият дорем. Дар парваришгоҳи №1 дар масоҳати як гектар, №2 ду гектар ва майдони тухмиафзункунӣ дар масоҳати 11 гектар барои корҳои тухмипарварию зироатчигӣ ҷудо шудааст. Тухмии элитиро дар 100 гектар кишт намуда, талабгорони дохиливу берунаро бо тухмии навъи “Хуҷанд - 67” таъмин менамоем. Нисбат ба тухмии навъҳои маҳаллӣ чор сол инҷониб таваҷҷуҳи кишоварзон кам шудааст. Азбаски навъҳои дигари маҳалливу хориҷӣ зиёд шудаанд, навъи мазкурро танҳо иҷоракорони мо кишт карда истодаанд ва талабот аз берун нест. Кам гаштани талабот ба тухмии маҳаллиро масъулин ҳамчунин, аз набудани маркетинг, яъне оид ба навъҳои боманфиату серҳосили маҳаллӣ, ба таври бояду шояд маълумоти кофӣ надоштани кишоварзон медонанд. Ҳамчунин, солҳои охир аз ҷониби олимон дастурамали мушаххас барои деҳқонон нест, аз ин лиҳоз, онҳо то кадом андоза афзалияту бартарият доштани тухмиҳои навъи маҳаллиро воқиф нестанд. Муаммои норасоии оби полезиро масъулин шарҳ дода, иброз доштанд, ки дар баъзе минтақаҳои хоҷагӣ норасоии оби полезӣ бештар ба назар расида, дарёфти роҳи ҳалли масъала танҳо аз маблағ вобаста асту халос.

Бино ба гуфти мутахассисони соҳа дар даврони пеш ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гашта буд. Масалан, заминҳои чунин хоҷагиҳо аз пардохти маблағи андоз пурра озод шуда, аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ барои ҳавасмандкунии деҳқонон грантҳо дода мешуд. Инчунин, он замон агар хоҷагии тухмипарвар барои истеҳсоли пахта маблағи муайян сарф намояд, аз ҷониби харидор бо арзиши ду баробар пардохта мешуд. Алҳол бино ба гуфти сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Х.Бобозода барои хоҷагиҳои тухмипарвар ягон намуди имтиёз мавҷуд нест, ки ин ҳолат боиси кам гаштани талабот ба соҳаи тухмипарварӣ шудааст.

Аз ин рӯ, мебояд, ки масъулини соҳаи кишоварзии вилоят дар самти рушду такомули хоҷагиҳои тухмипарварӣ, ҳалли муаммоҳои соҳа ва ҷалбу ҳавасмандсозии деҳқонон баҳри истифодаи тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ чораҳои зарурӣ андешанд, агар не дар ояндаи наздик хоҷагиҳои тухмипарварии вилоят комилан муфлис гаштаву рӯ ба таназзул хоҳанд овард?!

Аз муаллифон: Ҳамчунин, дар хусуси масъалаҳои болозикри соҳа аз бошишгоҳҳои саҳроии ҶСК Хоҷагии тухмипарварии ба номи Абдураҳим Ҷумъаев дидан намудем, ки аксар дар ҳолати табоҳ қарор дошта, ба маскани беодаму харобазор мубаддал гаштаанд. Барои шарҳи ҳол борҳо ба роҳбарияти ин хоҷагӣ муроҷиат намудем, вале аз маълумот додану ҳамсуҳбат гаштан канораҷӯӣ намуданд! Шояд баъди мутолиаи ин мавод изҳори назар кунанд?...

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh