Оғози бунёди боғи суперинтенсивӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”

19 марти соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди боғи суперинтенсивӣ оғоз бахшида шуд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, масоҳати боғи нав наздик 3 гектарро ташкил медиҳад ва барои бунёди боғи суперинтенсивӣ аз кишварҳои Франсия, Лаҳистон ва Канада чор навъи ниҳолҳои гелосу шафтолу ворид карда шудааст.

Ба иттилои мутахассисон боғи суперинтенсивӣ ва ё сермаҳсул аз чанд ҷиҳат манфиатнок буда, аллакай дар соли дуюм ҳосил медиҳад. Ҳосилнокии чунин боғ нисбат ба боғҳои муқаррарӣ ба маротиб бештар буда, метавон дар як сол 500 – 600 сентнер ҳосил ба даст овард.

Ҳаҷми хурди дарахтони боғҳои суперинтенсивӣ имкон медиҳад, ки дар воҳиди ками замин ниҳолҳои зиёдро ҷой дод. Аз ҷумла, дар як гектар беш аз ду ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бунёди боғҳои навро бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам ба манфиати кор арзёбӣ карда, иброз дошт, ки дар аксари кишварҳои пешрафтаи олам ин навъи боғдорӣ маъмул гаштааст.

Тавсия дода шуд, ки дар доираи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 дар вилоят бояд чунин боғҳо ҳарчӣ бештар бунёд карда шавад. Зеро бо гирифтани ҳосили зиёд боғпарварон на танҳо бозори дохилиро бо меваҳои хушсифат таъмин менамоянд, балки содироти маҳсулотро низ афзоиш мебахшанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh