Ҳадаф – мубориза бар зидди малах ва ҳифзи растанӣ

Семинар – машварати вилоятӣ

13 апрели соли 2019 дар минтақаи Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ семинар – машварати вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва роҳҳои пешгирии зироатҳои кишоварзӣ аз ин ҳашароти зараррасон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш аз саҳми ин муассиса дар пешгирии паҳншавии ин ҳашароти зараррасон ва ҳифзи растаниву зироатҳои кишоварзӣ ҳарф зада, бобати ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт дастуру маслиҳатҳо дод. Мавриди зикр аст, ки баҳри пешгирии киштзорҳо аз ин ҳашарот бо дастгирии Раиси вилоят ҳа ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти сол соли равон 200 ҳазор сомонӣ барои харидорӣ намудани заҳрдоруҳо ҷудо гардидааст.

- Дар минтақаҳои осебпазир бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шуда, дар якҷоягӣ бо масъулини шаҳру навоҳии вилоят ва ноҳияҳои наздимарзии кишвар ҳамкории судманд бояд роҳандозӣ гардад, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.   

Дар чорабинии амалӣ сардори бахши Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах дар вилояти Суғд» Абдухолиқ Бобоҷонов роҷеъ ба фаолияти муассиса дар ин самт ва мавзеъҳои осебпазири шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумот дода, техникаҳои заҳрпошӣ ва дастгоҳҳои муҳаррикиро, ки дар мубориза бар зидди малах истифода бурда мешавад, муаррифӣ намуд.

Мавсуф зикр дошт, ки дар вилоят майдони 26 ҳазор гектар зери назорати ситодҳои шаҳру ноҳиявӣ оид ба мубориза зидди малах қарор гирифта, ҳар сол бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят заҳрдоруҳо ройгон таъмин карда мешавад.

Дар қисми назариявии семинар – машварат муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода, сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» - и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Хайриддинов ва олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ суханронӣ намуда, бобати пешгирӣ ва ва ҳифзи зироату растаниҳо аз ин ҳашароти заррасон фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои ҷолибу амиқ баён доштанд.

Таъкид бояд намуд, ки алҳол дар вилоят беш аз 100 ҳазор гектар замини кишт ва боғҳо осебпазир маҳсуб ёфта, асосан хавфи малах ба шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Исфара, Зафаробод ва Деваштич бештар аст.

Ҳамчунин, дар семинар – машварати вилоятӣ намунаи нақлиёту таҷҳизот ва дасттгоҳҳои «Экспедитсияи мубориза бар зидди малахи вилояти Суғд», аз ҷумла автомошинаҳои «Тойота», тракторҳои гуногунтамға, мототсиклҳо, таҷҳизоти моторӣ ва дастӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар мубориза бо малах мавриди истифода қарор мегиранд. 

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

 

 
 

Add comment


Security code
Refresh