Кишти босифат - асоси фаровонҳосилӣ!

Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки комплекси агросаноатӣ маҳсуб ёфта, дар амалигардонии рушди устувору босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи саноати сабук, шуғлнокии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар маҷмӯъ беҳсозии дараҷаи зисту зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ дорад.

Бобати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат баҳри мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон бобати афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук, соли гузашта дар вилоят бо дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода силсилаи тадбирҳо амалӣ гардиданд.   

Бино ба иттилои намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода соли 2019 кишоварзони вилоят тибқи дурнамои пешбинигардида дар майдони 60 ҳазор гектар кишти пунбадона ва истеҳсоли 140 ҳазор тонна пахтаро пешбинӣ намудаанд. То имрӯз дар майдони 21592 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки ин 36 фоизи дурнамои кишти пахтаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Ашт 34,1, Бобоҷон Ғафуров 43,1, Зафаробод 31,4, Конибодом 47,7, Мастчоҳ 31,9, Спитамен 33,5 ва Ҷаббор Расулов 38,5 фоизи дурнамои пешбинишуда таъмин гардидааст.

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят бояд кишти пунбадона то 20 – уми апрели соли равон ба охир расад. Вале, бино ба гуфти А. Маҳмудзода аз сабаби номусоид омадани обу ҳавои имсола кишти пунбадона ба таъхир гузошта шудааст.

Соли гузашта тибқи маълумоти оморӣ дар майдони 57194 гектар кишти пахта гузаронида шуда, зиёда аз 113 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки аз ҳар як гектар 19, 7 сентнериро ташкил намуд.

Имрӯз дар вилоят 18 навъи чигитро корхонаҳои коркард захира намудаанд, ки аз он хоҷагиҳо истифода бурда истодаанд. Масалан навъҳои маҳаллию хориҷӣ аз қабили “Флория”, “Флеш”, “АДН -123”, “Чуансу”, “Синзиян”, “Ориёӣ”, “Неъмат”, “Сорбон”, “Хуҷанд - 67”, “Деҳқон бобо”, “Зуҳал”, “Тезпур” ва дигарро кишт намуда истодаанд, - гуфт номбурда.

Яке аз роҳҳои баландшавии ҳосили зироати пахта ба истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои селексионии тезпаз, серҳосил, ба касалиҳо тобовар ва дорои сифатҳои хуби нах дошта мебошанд, ки бе сарфи иловагӣ ба амал бароварда мешаванд.

- Афзоиши истеҳсоли пахта танҳо аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешқадами кишт, самарабахш ба роҳ мондани кори тухмипарварӣ, махсусан тухмипарварии ибтидоӣ, беҳбудии корҳои селексионӣ бо навъҳои нави пахтаи ватанӣ анҷом дода шавад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати рушди соҳа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии он ҳамагон бояд дар ин самт кӯшиш ба харҷ диҳанд, - гуфт А.Маҳмудзода.

Ноҳияи Спитамен, ки яке аз ноҳияҳои пахтакор ба ҳисоб меравад, мувофиқи нақшаи дурнамо соли равон бояд дар майдони 6400 гектар кишти пунбадона гузаронида шавад. То ба санаи 9 – уми апрели соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтакори ноҳия иҷрои нақша дар майдони 1886 гектар ё худ 33,5 фоизи нақша ба анҷом расидааст.

Тибқи иттилои сармутахассиси раёсати кишоварзии ноҳия Эҳсоналӣ Нуралиев имсол нисбат ба соли гузашта дар ноҳия кишти пунбадона 575 гектар зиёд ба роҳ монда шудааст. Дар як рӯз кишоварзони ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид дар майдони 81 гектар кишти чигит мегузаронанд. Ҳамчунин, бо мақсади хубтар ба роҳ мондани маъракаи кишт дар ноҳия 18 тухмипошаки замонавӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд, ки кишоварзон бемамониат аз онҳо истифода бурда, кишти пунбадонаро пеш бурда истодаанд.

Бино ба иттилои манбаъ дар хоҷагиҳои ноҳия асосан тухмии навъҳои “Флория”, “Дирам”, “Флеш”, “Хуҷанд – 67” ва дигар навъҳои маҳалливу хориҷиро кишт карда истодаанд. Ҳосилнокии ин навъи тухмиҳо зиёд буда, имсол азм доранд, аз ҳар гектар то 30 сентнерӣ дурри гаронбаҳо ба даст оранд. Хоҷагиҳои тухмипарвари ноҳия, аз қабили ҶДММ “Спитамен – Текстайл” (2100 гектар), Ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АИО) ба номи Т. Ӯлҷабоев (880 гектар), АИО “Саидқӯрғон” (130 гектар), АИО “Зарзамин” (570 гектар) кишти пунбадона мегузаронанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Хоҷагии тухмипарварии ҶДММ “Спитамен – Текстайл” яке аз хоҷагиҳои асосии ноҳия ба ҳисоб рафта, имконият дорад, ки дар як сол то 4 ҳазор тонна пахтаро коркард намояд. Хоҷагии мазкур асосан ба тухмипарварӣ машғул буда, дорои беш аз 3500 гектар замини обӣ аст ва ҳамасола дар майдони 2100 гектар пунбадона кишт намуда, аз 25 то 40 сентнерӣ ҳосил ба даст меорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кишти босифат ва саривақтӣ асоси фаровонҳосилӣ ба ҳисоб меравад, - иброз намуд Эҳсоналӣ Нуралиев.

Хоҷагидорон азм доранд, ки ҳар як ваҷаб заминро босамар истифода бурда, бо кишти тухмиҳои хушсифат ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Инчунин, аз обу ҳавои муносиб истифода бурда, ҳарчӣ барвақт кишти пунбадонаро ба итмом расонида, ният доранд, ки бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ ва вазъи мусоид дурнамои кишти пахтаро гузаронида, парвариш ва истеҳсоли ашёи саноатиро нисбат ба соли гузашта зиёд намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh