Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи чорводорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ​

Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ ба Ҷамоати шаҳраки Суғдиён ташриф оварда бо вазъи чорводорӣ шинос гардид.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва аҳолӣ парвариши 54984 сар чорвои калон, аз он 27604 сар модагов, 139 687 сар гӯсфанду буз, 485 сар асп, 223 899 сар парранда ба роҳ монда шудааст.

Нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда саршумори чорвои калон 2294 сар ва моли майда 3164 сар зиёд гардидааст.

Ҳамчунин дар ин давра 811,5 тонна гӯшт, 8263 тонна шир ва зиёда аз 5428000 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯшт 31,9 тонна, шир 1059 тонна ва тухм 2647600 дона зиёд мебошад.

Раиси вилоят ба фаъолияти чорводорони ноҳия баҳои баланд дода, барои таъмини рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳоли ширу гӯшт, таъсиси корхонаҳои коркарди шир ва гӯшт ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба роҳбарияти ноҳия дастуру тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh