Шиносоии Раиси вилоят бо рафти кишти пахта дар Конибодом

Нимаи дуюми рӯзи 19 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти кишти пахта ба шаҳри Конибодом сафар намуда, раванди корҳои саҳроиро дар хоҷагиҳои деҳқонии "Сазовор" ва "Азиз" мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Тавре зимни суҳбат бо Раиси вилоят масъулини соҳаи кишоварзии Конибодом иттилоъ доданд, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти пахта муташаккилона идома дошта, то имрӯз кишоварзон дар 4800 гектар пахта коштаанд. Қайд гардид, ки имсол саҳмдорони 2500 хоҷагии деҳқонӣ ба кишту парвариши пахта машғул хоҳанд шуд ва нақшаи кишт дар шаҳр 6000 гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагии деҳқонии "Сазовор"-и Ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов аз хоҷагиҳои калони пахтакор маҳсуб ёфта, дорои 170 гектар замин мебошад. Бо иқдоми аъзоёни хоҷагӣ соли равон дар 110 гектар пахта кишт карда мешавад. Аъзои хоҷагии деҳқонии "Азиз" бошанд дар 5,5 гектар пахта кишт мекунанд.

Раиси вилоят дар маъракаи кишти пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии зикршуда иштирок карда, ба роҳбарияти шаҳр ва дигар мутасаддиён дастур дод, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар ду-се рӯзи оянда кишти пахтаро пурра ба анҷом расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh