Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20 апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни кишти пахта дар ноҳия шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст ба Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳия ташриф оварда, дар маъракаи кишти пахта иштирок кард. Чуноне иттилоъ дода шуд, кооперативи мазкур дорои 1598 гектар замини обӣ аст ва соли равон дар 640 гектари он пахта кишт карда мешавад. Дар кооператив ҳамчунин 368 гектар боғ мавҷуд буда, дар заминҳои боқимонда деҳқонон ғалладонагиҳо, картошка ва сабзавот коштаанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ва роҳбарияти кооператив барои дар фурсатҳои кутоҳтарин ба анҷом расонидани кишти пахта, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ дастуру тавсияҳо дод. Қайд гардид, ки то имрӯз дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулов 610 гектар пахта кишт гардидааст ва пахтакорон дар рӯзҳои наздик нақшаи киштро иҷро менамоянд.

Сипас, Раиси вилоят раванди корҳои саҳроиро дар Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъеви ноҳия мушоҳида намуд. Кишоварзони ҷамъияти мазкур бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва тибқи нақша корҳо ба анҷом мерасонанд. Зимни шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар асоси нақшаи тасдиқшуда деҳқонони ҷамъият имсол дар 1700 гектар пахта кишт мекунанд ва то имрӯз 1355 гектар пахта кишт карда шудааст.

Раиси вилоят бо изҳори қаноатмандӣ аз ҷараёни корҳо ба деҳқонон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва ҳарчӣ зудтар ба охир расонидани кишти пахта тавсияҳо дод.

Ёдовар бояд шуд, ки нақшаи кишти пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8400 гектар буда, пахтакорони ноҳия то 20 апрел дар 7636 гектар пахта кишт кардаанд.

Дар поёни боздиди корӣ Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён бо фаъолияти гармхонаи хоҷагии деҳқонии Каримбой Махкамов шинос шуд. Тавре аён гардид, дар гармхонаи хоҷагии мазкур асосан бодиринг парвариш карда мешавад. Ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки маҳсулоти гармхона ба бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, харидорони худро дорад.

Ба иттилои масъулин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 159 гармхона фаъолият дошта, дар беш аз 80 адади он кишту парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh