Ярмарка - фурӯши маҳсулот

Таваҷҷуҳ барои фаровонии дастархони мардум

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 27 – уми апрели соли равон ба шарафи моҳи шарифи Рамазон дар майдони назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ниёзи аввалия ташкил карда шуд, ки дар ифтитоҳи он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Раиси вилоят зимни боздид аз ярмарка ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровонтар намудани номгӯи маҳсулот дастуру супориши мушаххас дода, таъкид дошт, ки бояд нархи маҳсулот аз бозор нисбатан арзон бошад. Ҳамчунин, ба сифати маҳсулоти ниёзи аввалия таваҷҷуҳи бештар бояд зоҳир карда шавад, то ин ки дастархони идонаи мардум таъмин гардад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ташкили ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони мардум сурат гирифта, он то 5 - уми майи соли равон идома меёбад.

Бояд гуфт, ки дар ярмарка маҳсулоти пешкашнамудаи кишоварзон аз нархи бозор аз 20 то 30 фоиз арзон буда, харидорон аз он қаноатманд гардиданд. Дар он рӯз асосан маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, орд, себу нок, консерваҳо ва маҳсулоти шириву қаннодӣ пешкаши сокинони шаҳри Хуҷанд гардид. Масалан, нархи як кило гӯшти гов 34 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 35 сомонӣ, як кило пиёз аз 0,50 дирам то 1 сомонӣ, сабзӣ 2 - 2,5 сомонӣ, картошка 1,5 - 2 сомонӣ, карам 1,5 сомонӣ, як кило равған 10 сомонӣ, як дона тухм 0,60 дирам, 1 халта орд 140 сомонӣ, як кило биринҷ 8 сомонӣ арзиш доштанд. Дар маҷмуъ, кишоварзони вилоят беш аз 170 тонна маҳсулотро ба харидорон пешниҳод намуданд.

Холмурод Ҳайдаров - сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, ки бояд ин гуна ярмаркаҳо ҳар ҳафта дар шаҳр ташкил карда шаванд. Чунки нархи маҳсулот нисбат ба бозор арзон буда, масалан, нархи як халта орд дар бозори «Панҷшанбе» 175 сомонӣ арзиш дорад. Имрӯз бошад ман як халта ордро бо нархи 140 сомонӣ харидорӣ намудам, ки қаноатманд ҳастам ва миннатдории худро ба Раиси вилоят ва ташкилкунандагон мерасонам, - гуфт номбурда.

Саодат Кенҷаева - бошандаи маҳаллаи 28 - уми шаҳр аз баргузории чунин ярмарка изҳори хушнудӣ намуда, аз арзиши маҳсулот, ки аз бозор арзонтар буд, қаноатмандии хешро изҳор дошт.

Сокинон аз фаровонии маҳсулоти мухталифи ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ басо хушнуд буда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.

Баргузории чунин ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои беҳдошти рӯзгори мардум мусоидат хоҳад намуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh