САБАҚИ ПИРИ КОР

Деҳқонӣ фаъолиятест, ки ҳамарӯза дар амалия омӯхтану аз бар кардани соҳаи кишоварзиро тақозо дорад. Маҳз ҳамин аз бар кардан минбаъд самара меоварад ва кору пайкори ҳамин гуна деҳқон ба дигарон дарси ибрат мегардад. Хоҷагии деҳқоние, ки сарварии онро деҳкони солор Ҷумъабой Раҳимов бар уҳда дорад, дар ноҳияи Зафаробод намунаи ибрат аст.

Ин хоҷагии деҳқонӣ соли 2006 ташкил шудааст, ки дорои 20 гектар замин мебошад. Дар хоҷагӣ 21 нафар саҳмдору мутахассис, тракторчиву обмон, муҳосиб ва дигарон фаъолият мебаранд.

Ҷумъабой Раҷабов - сардори хоҷагӣ дар суҳбат иброз дошт, ки айни ҳол дар 50 фоизи заминҳои хоҷагӣ пахта кишт мекунанд, ки он аз 10 гектар зиёдтар аст. Хароҷоти пахтакорӣ зиёд бошад ҳам аз меҳнати софдилонааш деҳқон зиён намебинад. Дар баъзе солҳо нархи пахта паст гардад ҳам, хоҷагидорон аз пахтакорӣ манфиат ба даст меоварданд.

Аз таҷрибаи кишоварзӣ бармеояд, ки дар пахтакорӣ бояд муҳимтарин омилҳо риоя карда шаванд. Масалан, пеш аз кишт бояд ба ҳолати замин аҳамият дод, дар заминҳои санглох ниҳолҳои пахта қадпаст мешавад. Аз ин лиҳоз, масофаи байни қаторҳо бояд наздиктар бошад. Дар заминҳои порудор ва камсанглох кишти қаторҳо нисбатан дуртар гузаронида мешаванд ва сабзиши ниҳолҳо аён гардида, қади баланд доранд. Дигар он, ки қитъаҳои замин бояд ба пуррагӣ бо ниҳолҳо таъмин карда шаванд, зеро дар сурати холӣ мондани замин ҳосилнокӣ кам мегардад. Дар пахтакорӣ инчунин гузаронидани корҳои агротехникӣ, ба монанди нарм кардани қаторҳо, ягонаи ниҳолҳо, обмонӣ, дорупошӣ ва ғайра бояд саривақт амалӣ карда шаванд. Инчунин назорат бурдани қитъаҳои замин оид ба пайдоиши ҳашарот, бемориҳои растанӣ ва дигар зараррасонҳо зарур мебошад. Дар сурати аз ҳашарот ё дигар зараррасонҳо осеб дидани ниҳол ба даст овардани ҳосили баланд ғайриимкон мебошад. Дар маҷмӯъ ҳамаи натиҷаи ҳосилғундории кишоварз аз коркарди замин ва нигоҳубини растанӣ ва ниҳоят аз муносибати худи деҳқон ба замин вобаста аст.

Аз тарафи деҳқонони хоҷагии пахтакори мазкур барои ҳосилхезӣ ба заминҳои пахта саривақт поруи маҳаллӣ дароварда, нурии минералии КМУ ва дигар дорувориҳое, ки барои нигоҳубини ниҳолҳои пахта зарур мебошанд,  пошида мешаванд.

Саркор мегӯяд, ки масъалаи таъмини об дар ноҳия сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Соли гузашта ва имсол низ нисбат ба солҳои пешин беҳтарии назаррас  мушоҳида мешавад. Чанде қабл Раиси вилоят низ оид ба ҳамин масъала ба ноҳия ташриф оварда, аз ҳолати таъмиру кори пойгоҳҳои обкашӣ аз наздик ошно гардид. Дар вохӯрӣ мо огоҳ гардидем, ки барои таъмири насосҳои обкашӣ аз ҳисоби буҷаи вилоят низ маблағ ҷудо шудааст.

Дар хоҷагӣ инчунин зироатҳои дигар ба монанди ғалладонагиҳо, картошка, сабзӣ, пиёз, юнучқа, харбузаву тарбуз ва ғайра кошта, парвариш мекунанд. Дар сурати аз худи хоҷагидорон изофа будани ҳосил маҳсулот ба бозорҳои маҳаллӣ бароварда мешавад.

Сардори хоҷагии деҳқонӣҶумъабой Раҷабов гуфт:

- Соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиамон ташриф оварда, ба фаъолияти мо баҳои баланд доданд. Ҳамон солҳо, кишоварзони мо аз ҳар гектар 22-23 сентнерӣ ҳосили пахта мегирифтанд. Хоҷагӣ бо кӯшишу ғайрати зиёд фаъолияти худро ҷоннок карда, ҳосили фаровони пахта аз 30 то 46,7 сентнерӣ аз ҳар як гектар ба даст овардаанд. Ин ҳама аз файзи ташрифи Пешвои миллат ба хоҷагӣ буда, аз ҳамон сол инҷониб ҳосилнокии майдонҳо баланд шудааст.

Бо доир шудани ислоҳоти замин дар кишвар дастрасии бевоситаи деҳқон ба замин имконпазир гардид ва айни ҳол худи деҳқон муайян мекунад, ки кадом зироат дар замин кишт карда шавад.

Деҳқонӣ дар асоси таҷрибаи ҳамарӯза пайдо шуда, аз ҳар рӯзаш кор меомӯзад. Таҷрибаву маслиҳати пирони кор ба марди деҳқон намунаи ибрат буда, роҳнамоест барои расидан ба муваффақият.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh