Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти боғпарварони хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷаббор Расулов

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки рӯзи 9 июн сурат гирифт, бо фаъолияти боғпарварони хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷаббор Расулов шинос гардид.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони садҳо гектар замин сокинон ба парвариши боғҳои дарахтони олу, хурмо, анор, зардолу ва шафтолу машғуланд, ки аксари ҳосил ба содирот нигаронида шудааст.

Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷаббор Расулов дар чор гектар парвариши олу ба роҳ монда шуда, дастранҷи боғпарварон дар бозорҳои дохилу хориҷи мамлакат харидорони худро дорад. Дар ин хоҷагӣ ҳамчунин ду гектар боғоти анору хурмо низ мавҷуд аст.

Зимни боздид саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки имрӯзҳо чиниши олу давом дошта, алаккай даҳ тонна олуи хоҷагӣ ба Федератсияи Россия содирот карда шуд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо боғпарварон иброз дошт, ки аъзои хоҷагӣ бояд навъҳои беҳтарини ниҳолҳоро ворид намуда, ҳаҷми истеҳсолро афзун  ва содиротро бештар намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки иқлими ноҳияи Ҷаббор Расулов барои парвариши олу мусоид буда, дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 30 гектар боғоти олу вуҷуд дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh